Sebiston new 2024 october
Салима Исмоилова: Шавҳарам аз ошёнаи 3-юм афтиду рӯзам сиёҳу тира гашт!
2501

 

Салима Исмоилова 40-сол доша, ҳаёти сахту сангине ба сар мебарад. Зиндагии ин зани ҷафокашида филми пурдардеро ба ёд меорад, ки касро беихтиёр ба гиря меорад. Салима ҳамроҳи 3 фарзанди ятимаш дар як таҳхона умр ба сар бурда, ба қавли худаш “рӯзи сагро дорад”.

Модар мурду падар паиндар шуд

-Шавҳараам як сағераи бе касу кӯй буд. Аниқтараш падар дошту модар не. Аз рӯйи нақли худаш, боре падару модараш ба Хатлон сафар мекунанд ва дар роҳ мошинашон ба садама гирифтор мешавад. Падари шавҳарам, яъне хусурам дар ин садама захм бардошта бошад ҳам, зинда мемонад, вале хушдомани берӯзиам дар ҳамон ҷойи ҳодиса ғарқа дар хуни худ ҷон ба ҷонофарин супурдааст,-бо дарду алам қисса мекунад Салима.

Аз рӯйи нақли ҷавонзан, баъди сари модари шавҳараш падараш дубора хонадор шуда, аз зани наваш соҳиби чанд фарзанд гаштааст. “Модар, ки бимурд, падар паиндар гардад” гуфтанӣ халқ беҳуда нест, шавҳари Салима низ баъди сари модараш рӯзу рӯшноӣ надида, ранҷу азобҳои зиёде кашидааст.

“Аз ночорӣ оғилхонаро таъмир карда, дар ҳамн ҷо зиндагӣ мекардем, вале баъди он ки калонҳо аз сар рафтанд, дигар дар ҳамон оғилхона ҳам нағунҷидем,”-оҳи сард кашида, ба нақли худ идома медиҳад зан.  

Оилаи камбағал дар шаҳри калон

Ҳамин тавр Салимаю шавҳараш маҷбур мешаванд, ки зодгоҳашонро тарк намуда, рӯ ба пойтахт оранд. Бо чаҳор фарзанди хурдсол дар шаҳри калон ва серғавғою серташвиш зиндагӣ кардан барои ин зани шавҳари камбағал, ки на савод доштанд ва на ягон касбу ҳунар бисёр душвор буд. Шавҳараш дар сохтмон кор карда, рӯз то бегоҳ хишту семент мекашонд ва корҳои сиёҳу вазнинро анҷом медод, Салима бошад, дар хона бо нигоҳубини кӯдакони хурдакакаш машғул буд. Марди бечора сарашро ба санг зада, то нимаҳои шаб бор кашонад ҳам, рӯзу рӯзгори ин оилаи камбизоат ҳеҷ беҳ намешуд, ки намешуд. Аксар вақт пули иҷорахонаро дода наметавонистанд ва соҳибхонаҳо онҳоро аз дар берун мекарданд. Зану шавҳар мисли кӯчманчиҳо бо чаҳор фарзанд, кӯчу бандашон дар сари китф рӯзи сиёҳу ҳоли зоре доштанд...

Россия рав, мардак!

Ниҳоят ҷони зан аз ин оворагию дар ба дарӣ ба лабаш расида, зориву тавалло намуд, ки шавҳараш мисли дигар ҷавонмардони тоҷик Русия мардикорӣ равад.

“Ман аз ту зару зевар ва нуқраю тилло намехоҳам, мардак. Рафта кор карда биё, ақаллан як кулбачаи лойи сохта, сарамонро паноҳ кунем, охир то ба кай ба дари хонаи мардум зор шуда мегардем...” мегуфт Салима бо чашмони ашкбор...

Мард тоби дидани оби дидаи ҳамсарашро накарда рахти сафар баст, аммо...

Шавҳарам аз ошёнаи 3-юм афтиду...

-Оҳ, агар медонистам, ки дар мулки рус шавҳари ҷафокашидаамро чӣ сарнавишти талхе интизор аст, як умр дар ба дар гардем ҳам, намемондам, ки аз хона барояд, вале тақдири шумро тадбир карда намешудааст. Мардакам рафту аз байни муддати зиёде нагузашта, аввал хабари маргаш расид, баъд ҷисми шикаставу абгорашро дар тобути оҳанӣ ба хона оварданд,-зор-зор гиря карда, қисса мекунад Салимаи бо чашмони аз гиря варамида.

Аз рӯйи нақли худи зан, падари фарзандонаш дар Русия дар сохтмон кор мекардааст ва як рӯзи сарду шум сараш чарх зуда, аз ошёнаи сеюм меафтаду ба таври фоҷиавӣ аз олам мегузарад.

-Одамоне, ки ҳамроҳаш кор мекарданд, гуфтанд, ки мардакам ба болои афсалт афтида, тамоми устухонҳояш шикасаанд, агар ба рӯйи тӯдаи қум ё хок меафтид, шояд зинда мемонад,-ҳасрат мекунад ин зани сиёҳбахт.

Марги писар дар ҳафти падар

“Бадбахтӣ танҳо намеояд” гуфтагӣ барин, тақдири номард ба Салима пай дар пай зарбаҳои ҷонкоҳ мезад. Вақте ки ҷисми бе ҷони падари фарзадонашро аз мулки рус дар тобути оҳанӣ оварданд, зани бадбахт сарашро ба дару девор зада, зор-зор нола мекард, зеро ягона такягоҳи худро дар зиндагӣ аз даст дда, ба қавле байни замину осмон бе такягҳ ва бе муттако монда буд.

Ба ғаму дарди худ оварда шуда, вай натавонист сари вақт аз паси табобати писари бемораш шавад. Бачаи 14-сола аз табби баланд гӯё дар кӯрраи оташ месӯхт, вале худро мард гирифта, модарашро тасаллӣ медод, ки ғамгин нашавад, падараш аз дунё гузашта бошад ҳам, ӯ зинда аст ва онҳоро соҳибӣ карда, хору зор шудан намемонад, аммо...

-Қонуни танзимро риоя карда, маросими се ва ҳафти шавҳарамро якҷоя додем. Ҳамон бегоҳ аҳволи писаракам якбора вазнин шуд. Духтурҳо гуфтанд, ки бача коронавирус будаасту хеле дер овардед. Ҳамин тавр баъди се рӯзи падарашро ба хок супурданамон, писараки ормониам дар синни 14-солагӣ аз олам гузашта, дилу ҷигари сӯхтаам дубора пора-пора шуд. Сарамро ба дару девор зада, зор-зор нола мекардам, ки худоҷон, барои кадом гуноҳам чунин рӯзҳои сахтро ба сари мани берӯзӣ овардӣ, аммо замину сахту осмон баланд ва фарёди дили зори маро фарёдрасме набуд,-аз гиря гулӯгир шуда, сарнавишти талхашро қисса мекунад ин зани ҷафокашида.

  

Модар ба хотири фарзандонаш

хизматгори мардум шуд, аммо...

Баъди сари шавҳар ва писараш бори гарони зиндагӣ бар дӯши худи Салима афида, аз ночорӣ хизматгори дари мардум гаштааст. Хотири се фарзандаш вай дар ба дари мардум гашта, зориву тавалло мекард, ки дар хонаашон ягон кор бошад, фармоянд ва бар ивазаш чор сум пул диҳанд, то бачаҳи бепадараш гуруснаву ташна намонанд. Ҳамин тавр ин зани берӯзӣ дар як хона ҷмашӯиву дар хонаи дигар кӯрпадӯзӣ мекард ва дар тӯю маъракаҳо ғарам-ғараф косаву табақ шуста, барои кӯдаконаш як луқма нони ҳалол ёфта меовард, аммо тақдири бераҳм боз бо ӯ бозӣ карда, як дасташ худ аз худ сиёҳ шудан гирифт.

-Духтурҳо мегӯянд, ки агар табобат ва ҷарроҳӣ накунӣ, дастат хушк шуда метавонад. Худо накарда, аз даст монам, се фарзанди ятими маро кӣ мехӯронаду мепӯшонад?-мегӯяд Салима Исмоилова.

Сари ятимонро сила кардан ҳам ҳаҷ аст....

Таҳхонае, ки Салима бо фарзандонаш он ҷо зиндагӣ карда истодааст, дар деҳаи Мирзоҷӯли ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ гашта, моли яке аз хешвандонашон мебошад. Соҳибхона писарашро хонадор карданист ва аз ӯ хоҳиш кардааст, ки ҷояшро ёфта, ин маконро холӣ кунад.

-Ин таҳхона сементӣ ва ях барин хунук бошад ҳам, ба ҳар ҳол дар болои сари фарзандонам барфу борон намерехт. Раҳмат ба соҳибхона, ки моро ҳамин қадар вақт роҳ дод, вале акнун ӯ писарашро хонадор карданист ва мо бояд хонаро холӣ кунем. Намедонам мани сарсахт бо ин дасти маъюбам чор фарзанди бе падарамро гирифта дар ин фасли сард ба дари хонаи кӣ равам?-мегӯяд Салима оби дидагонашро бо гӯшаи рӯймолаш пок карда истода.

“Некӣ куну ба об андоз” гуфтаанд, умедворем, ки шахсони хайрхоҳ ва саховатманд аз сари раҳму шафқат ба ин оилаи камбағал дасти ёрӣ дароз намуда, сари фарзандони бе падари Салимаро сила мекунанд, зер некӣ кардан ба ятимон ба савби ҳаҷ барбар аст. Шахсоне, ки мехҳанд ба Салима ва фарзандни ятимаш дасти мадад дароз намоянд,   меавонанд ба рақами 919-75-29-59 занг зада,с арнавишти талхи ин занро аз забони худаш бишнаванд ва ҳоли ӯву бачаҳояшро бо чашми худашон бубинанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД