arzon replenishment
Saliheen (Хатбар) чӣ гуна машҳур шуд?
29.12.2024
ОИЛА.ТҶ
700

Дар сегменти тоҷикии Ютуб ва Инстаграм наворҳои эҳсосӣ, он видеоҳое, ки дар як вақт касро ҳам механдонанд ва ҳам мегирёнанд, зиёд нестанд, зеро на ҳама чунин корро карда метавонанд.

Саҳифаи Saliheen дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз шумори онҳоест, ки ба воситаи як навор бинандагонро ҳам мегирёнад ва ҳам механдонад.

Мепурсед, ки чӣ хел?

Дар ин саҳифа нишон дода мешавад, ки як ҷавон бо номи Хатбар ба хонаи оилаҳои ниёзманд меравад ва аввал доир ба ҳаёти онҳо суҳбат мекунад, ки албатта ғамгинкунанда аст. Пасон, ба онҳо аз хайри инсонҳои хайрхоҳ хабар медиҳад ва ба онҳо кумак мерасонад. Яъне, Saliheen номи саҳифа ва барномаест, ки як Хатбар дораду дар пушти он нафар инсонҳои зиёди хайрхоҳ меистанд. Масъули ин барномаро бархеҳо Солеҳ ва бархеи дигар Хатбар мегӯянд.

Саҳифаи Saliheen соли 2017 таъсис ёфта буд, вале дар миён танаффуси калон дошт. Ва дубора охири соли 2019 фаъол шуд ва то ҳол кор карда истодааст.

Ин саҳифа ва ровии он Хатбар дар кишвари мо чунин машҳуру маъруфу маҳбуб шудаанд, ки соли 2021 аз ҷониби ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва соли 2023 бо шинохти Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон сазовори ҷоизаи “Блогери сол” гардид.

Аҷобати кори саҳифаи мазкур он аст, ки чеҳраи Хатбарро нишон намедиҳад. Зеро ба гуфти дастандаркоронаш мақсади ин лоиҳа ба ниёзмандон кӯмак кардану онро паҳн намудан аст. Яъне, дар кори онҳо чеҳраи Хатбар муҳим нест, балки ҳадаф кори хуб кардан аст. “Кӣ хайр мекунад ва кӣ онро мерасонад, муҳиммият надорад, зеро хубиву одамгарӣ чеҳраву шахсият надоранд”.

Худи Хатбар дар суҳбате гуфтааст: “Ман медонам, ки аллакай маро бисёриҳо мешиносанд, аммо намехоҳам чеҳраамро ҳама бинанд ва шиносанд, дар ҳоле, ки бархе мехоҳанд машҳур бошанду шинохта. Дар чандин барномаҳои аввал, ки ҳоло дар саҳифаамон нестанд, ман дар кадр наменамудам, балки волонтёронамон корро пеш мебурданд. Дар оянда ҳам нақша дорем, ки дигарон низ дар нақши хатбар иштирок кунанд”.

Бояд гуфт, ки масъулин дар аввал ҳамчун як саҳифаи одӣ корро оғоз карданд, вале пас аз ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии эҳсонкорӣ «Пешрафт» сифати корашон ба якборагӣ хуб шуд ва садҳо ҳазор бинанда пайдо карданд.

Сабаби асосии машҳур шудани лоиҳа ва Хатбар он аст, ки ба кори неку хайр машғуланд ва ягона мақсадашон ба мардум кумак кардан аст.

Хатбар, ки масъули асосии барнома аст, аслан блогер нест. Таҳсилоти олиро дар ИМА гирифтааст ва дар як ширкати сохтмонӣ ҳамчун менеҷери молиявӣ фаъолият мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД