arzon replenishment
Сағира калон кардаму… (ҚИСМИ 2)
738

Дар кўчаҳои зиндагӣ

Барои бебахтии духтари нозанини ҳунармандам дилам косаи зардоб бошад ҳам, худамро ба даст гирифта, ба хотири бадтар нашикастани рўҳи ў дамамро ба дарун гирифта мегаштам. Духтари дувумам Шаҳло баъди шавҳар карданаш донишгоҳро хонда тамом карда, дар бонк кор мекард, аммо Барно маълумоти олӣ надошта бошад ҳам, дар пухту паз ҳамто надошт ва дар як сехи қаннодӣ ба кор даромаду нигоҳубини ду фарзандаш ба души ман афтод.

Шаҳлову писарам низ, ба мо кўмак мекарданд ва як бало карда, кўдаконро калон мекардем, пас аз панҷ соли бевагӣ Барно дубора шавҳар кард. Ў ба як милиса зани дуввум шуду шавҳари наваш ӯро ба хонаи иҷора гирифта бурд, вале кўдакон бо ман монданд.

Барно бо зиндагии худаш саргардон ман кўдаконро ба воя расонидам, ба хотири зиндагии хуби онҳо дар мағозае ба ҳайси фурўшанда ба кор даромадам. Оҳиста-оҳиста, солҳо сипарӣ шуданду духтараку писари ман низ, калон шуданд, дар ҳамин қадар сол падар, ё ягон хеши падарияшон аз дар надаромад. Напурсид, ки чӣ ҳол доред? Модарашон кам-кам ёрӣ мерасонд, асосан ману духтари дуввумам аз ҷиҳати иқтисодӣ онҳоро таъмин мекардем. Ба нафақа баромадам, дигар пойҳоям дард мекарданду дар мағоза кор карда наметавонистам, хуҷаин дасту дили пок ва меҳнати ҳалоли маро ба назар гирифта, набераи духтариямро ба кор гирифт. Асолат хуб кор мекард ва пули ёфтаашро ба хона меофард, вале додараш Дилшод каме сахтсар баромад. Кӯшиши ману холааш барои дохил карданаш ба мактаби олӣ бе натиҷа анҷом ёфт, ва ў ҳамроҳи чанд ҷўрааш ба Хуҷанд рафт ва гуфт, ки он ҷо кор ёфтааст…

Ҳарчанд, намехостам Дилшодакам аз барам як нафас дур бошад, вале модару хола ва тағояш гуфтанд, ки бигузор раваду кор кунад, калон шудааст…

Қарзхоҳон

Пас аз як моҳи аз хона рафтани Дилшод ду нафар омада гуфтанд, ки Дилшод ҳуҷҷатҳои хонаро ба гарав монда, аз онҳо даҳ ҳазор доллар қарз гирифтааст, ё қарзро ёфта диҳем, ё хонаро холӣ кунем... Ҳуш аз сарам парид, бо он ду нафар хеле ҷанг кардам, ки набераи маро тўҳмат мекунанд, вале онҳо дар пеши худам ба Дилшод занг заданду ў қарздорияшро тасдиқ кард. Намедонистам сарамро ба куҷо занам, бо духтаронам маслиҳат карда, аз бонк даҳ ҳазор доллар қарз карда, ба қарзхоҳон додему ҳуҷҷатҳои хонаро гирифтем. Аз Дилшод на пай буду на ҳайдар, ману духтаронам як бало карда, ҳар моҳ пули бонкро медодем.

Дар ин миён Асолат бо падараш робита пайдо карда, як рўз бобою бибиямро хабаргирӣ меравам гўён, рафту дигар барнагашт, дилам ба меҳантҳои кардаву шабзиндадориҳоям месухту мегиристам. Духтаронам тассалоям медиҳанд, ки нагирям онҳо зиндаву шоду хуррам мегарданду ту чаро дилатро хун мекунӣ?!

Асолатро баъди ду моҳи рафтанаш падараш ба шавҳар дод, ба амакбачааш, дар тўй маро телефонӣ хабар карданд. Асолат, ҳатто барои дуо гирифтан наздам наомад, модарашу холааш, тағояшу янгаашро ба зур ба тўй равон кардам, аммо багашта гуфтанд, ки Асолат бо онҳо бегонавор муносибат кардааст.

Ҳоло, дар бистари беморӣ зиндагию сағира калон карданҳоям чун навори кино аз пеши чашмам мегузарад, алами ҳар моҳ додани пули бонк як су, бемеҳрии Асолату бераҳмии Дилшодро пеши чашм оварда меандешам, ки дар тарбияи эшон хатое карда бошам?!

Ё, сағира ба ҷое мерасаду сағирабон неяш ҳамин бошад?!

ҚУМРИНИСО

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД