Ду сол қабл риштаи умри тоҷири муҷарради муваффақ, Дорриси 84-сола канда шуд, ки ҳамроҳи саги худ мезист.
Дар васиятномаи Доррис саги ӯ ҳамчун меросхӯри асосӣ дарҷ гардида, гуфта мешавад: "5 млн доллар ба номи ширкате гузаронида мешавад, ки баъд аз марги ман барои нигоҳубини сагам созмон дода мешавад”.
Ҳамзамон дар васиятнома гуфта мешавад, ки саги меросхӯр дар нигоҳубини хизматгорзан Марта Бетон, ки ҳангоми ба сафар баромадани тоҷири мазкур ҷонварро нигоҳубин мекард, қарор хоҳад гирифт.
Бояд гуфт, минбаъд саги миллионер то охири умраш дар рӯйи болишти пари қӯ хобида, дар косаи тиллоӣ хӯрок хоҳад хӯрд.