(қисми2)
Кораш мудом гирву нола буд. Гаштаву баргашта аз худ мепурсид, ки барои кадом гуноҳаш Мирзо ӯро чунин ҷазои бераҳмона дода, талоқ карда бошад, вале ҳарчанд фикр мекард, ҳеҷ ба ин савол ҷавоб ёфта наметавонист. Ба гӯшаи хаёлаш намеомад, ки ин ҳама макру ҳиллаи хушдоманаш аст ва Саломатхон ба писараш арӯси дигар ёфта, бо баҳонаи хабаргирӣ ӯро ба хонаи падару модараш фиристод, то ки тӯй карда, писарашро дубора зан диҳад….
Овозаи тӯй
«Бӯйи мушк пинҳон намемонад» гуфтани халқ беҳуда нест, аз байн як ҳафта нагузашта, хабари тӯй доштани шавҳари Сафина ба деҳа расид. Яке аз ҳамсояҳояшон, ки дар шаҳр дар наздикии хонаи хушдомани Сафина ба шавҳар бармоада буд, хабар овард, ки Мирзо боз зани духтар гирифтааст ва рӯзи якшанбе Саломатхон боз тӯй карда, келин мефарорад. Падару модараш гумон доштанд, ки Сафина ин хабарро шунида, рӯю мӯяшро канда гиря мекунад, вале ғайричашмдошташон духтарашон бисёр ором буд. Вай ба касе аҳамият надода, ба хонаи хоби худаш даромад ва дарро аз дарун маҳкам кард. Модараш чанд маротиба ба пушти дар рафта садо кард, ки хӯрокхӯрӣ барояд, вале Сафина ҷавоб надод. Аниқтараш аз дарун садои гуфтагӣ ӯ ба гӯш мерасид, гӯё шавҳараш дар рӯ ба рӯяш истода бошад, Сафина бо заҳрханда мегуфт: «Мирзо, ман бо туҳфаи хоса ба тӯйи ту меравам ва чунон туро табрик мекунам, ки як умр фаромӯш намекунӣ, ҷонам…»
Аз афташ ин духтар девона шудааст, худ ба худ гап зада истодааст, оҳи сард кашида мегуфт модар худ ба худ ва лаб мегазид…
Гумном
Шаб саҳар шуда офтоб баромад, вале ҳеҷ набуд, ки Сафина аз хонаи хобаш барояд. Модараш чанд маротиба дари хонаи хоби ӯро тақ-тақ карда бошад ҳам, ҷавоб надод. Билохира косаи сабри кампир лабрез гашт ва «ҳой духтар, шӯям зан мегирад гуфта мотам мегирӣ, хез охир, ақаллан ягон чиз хӯр» гӯён, дарро тела дод. Дар кушода шуд. Бистари хоби духтарашро холӣ дида, дили модар аз пешомади ногуворе дарак дод ва шавҳарашро садо кард:
-Отаи Сафина, ҳой отаи Сафина, ин ҷо биёед!
-Ҳа, чӣ гап шуд занак?-Пурсид мӯйсафед хавотир шуда.
-Духтарамон нест!
-Чӣ? Ту чӣ гуфтӣ?
-Мегӯям, ки Сафина дар ҷогаҳи хобаш нест.
-Гирду атрфи хонаро бин, шояд дастурӯйшӯӣ баромада бошад.
-Набаромадааст, ман ҳанӯз субҳ надамида дар ҳамин рӯйи ҳавлӣ ҳастам, вале аз хона баромаданашро надидам. Метарсам, ки ин духтари беақл худашро ягон бало накарда бошад,-модар инро гуфта, зор-зор гиря кард.
-Нияти бад накун очаш, шояд ба хонаи ягон дугонааш рафта бошад. Беҳтараш як рафта хонаи ҳамсояҳоро бубин,-мӯйсафед инро гуфта, оҳи сарде кашид ва бемадорона каланди дасташро ба замин гузошт…
Модар ва янгаву акаҳои Сафина сар то сари деҳаро гашта бошанд ҳам, дар ягон ҷо аз вай ному нишон наёфтанд.
-Мӯйсафед, як ба хонаи қудо равед, шаб Сафина номи шавҳарашро гирифта: «Мирзо, пагоҳ ман ба табрики ту меравам» гуфта истода буд. Духтари беақл аз сӯзиши дил ба тӯйхона нарафта бошад, -андешамандона гуфт модари Сафина.
-Ман дигар рӯйи ҳамон очаю бачаро дидан намехоҳаму лекин маҷбурам, ки равам,-инро гуфта, мӯйсафед аз ҷояш бархост ва ба писараш ишорат кард, ки мошинашро ба кор дарорад…
Тӯйи домоду мотами хусур
Дар ҳавлии Саломатхон тӯй дар авҷ буд. Мирзо бо шиму костюми домодӣ дар бари арӯси наваш нишаста, Сафинаро ҳатто ба ёд ҳам намеовард. Ханда аз лабҳои домоди хушбахт ҳеҷ канда намешуд. Омадани собиқ хусураш барои ин ҷавони беаҳду паймон ва волидони ӯ ғайриинтизор буд. Модари Мирзо қудояшро дида, бо қошу қавоқи овезон гуфт:
-Ман ҳатто як мех намонда, ҳама чизу чораи духтаратонро ба хонаатон фиристодам. Боз барои чӣ омадед?
-Мо барои бо шумо ҷангу ҷанҷол карда, пулу мол талабидан наомадаем. Сафина аз саҳар боз бедарак аст, омадем, ки пурсем, мабодо вай ба хонаи шумо наомадааст,-забон хоида гуфт мӯйсафед.
Саломатхон лабашро бурма, карда ғурунгос зад:
-Мирзо талоқашро дод, дигар барои чӣ ба ин ҷо меояд?! Духтаратонро дар ягон ҷойи дигар ҷустуҷӯ кунед. Кӣ медонад, шояд дилаш мард хоста, бо ягон кас ба ягон гӯшаи хилват дамгарӣ рафтааст…
-Эй бева, дамата гир, ки ҳозир сари як теғат мекунам. Хоҳари ман фоҳиша нест, ки бо ҳар буққа дамгирӣ равад,-бародари калонии Сафина ба шӯр омада, хост адаби ин зани беҳаёро диҳад, вале падару додараш аз китфаш дошта, монеъ шуданд.
-Ба хубӣ равед, набошад ҳозир милисаро ҷеғ мезанам,-таҳдид намуд собиқ қудояшон.
-Натарсед қудо, мо барои ошу нони тӯйи шуморо хӯрдан наомадаем, -гуфт падари Сафина ва оҳи сард кашида, ҳамроҳи писаронаш аз дами дарвоза пас гашт…
ҲИСОР: ПИСАР МОДАР ВА ДУ БАРОДАРАШРО ОТАШ ЗАД. ЧАРО?
Дар ҷустуҷӯи Сафина
Падару модар ва бародаронаш ҳама ҷойро кофта бошанд ҳам, на он рӯз ва на рӯзҳои дигар дараки Сафнаи бадбахтро наёфтанд. Замин гӯё якбора кафида, ин ҷавонзани берӯзиро ба комаш фурӯ бурда бошад, на хешу табор дар борааш чизе медонистанд, на ҳаққу ҳамсояҳо ва на одамони бегона. Танҳо як мӯйсафед гуфт, ки ҳанӯз субҳ надамида, вақти ба масҷид рафтан вай рӯймоли калон дар сар ба сӯйи роҳи калоне, ки ба шаҳр мебарад, рафтани Сафинаро дида буд. Дигар ягон кас дар борааш чизе намедонист, гӯё Сафина якбора мисли аспҳои афсонавӣ болу пар бароварда, парвоз карда ба ким-кадом мулки дури дур рафта буд.
Рӯҳи ноором
Аз байн се сол гузашту аз Сафина ягон дарак нашуд. Падару модари қоматхамидааш баъди гиряву нолаҳои бисёр билохира ба тақдир тан доданд ва «духтари бечораамон аз алам худашро ба дарё партофта, хӯроки моҳиҳо шудагист» гӯён, маъракаҳои мотамии Сафинаро гузаронданд. Ягона шахсе, ки лаҳзае аз фикри Сафина фориғ шуда наметавонист, ин Мирзо буд. Зиндагии ӯ бо арӯси наваш бисёр бад ва ҷонаш ба лабаш расида буд. Мавлуда «ман кор мекунаму пул меёбам» гуфта, Мирзоро баробари як саг қадр намекард. Ин зани худпараст танҳо бо орову торо додани худаш банд буд ва дасташро ба ягон кори хона намезад. Саломатхони эрка, ки дар вақташ ҷони Сафинаро ба нӯги биниаш меовард, акнун ғуломи келин гашта, рӯзи дароз худаш хар барин кор мекард. Келини таърифиаш Мавлуда бошад, театр ба театру кино ба кино гашта, ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки вай зани шавҳардор аст ва бояд хизмати хушдоманашро кунад. «Комнадировка меравам» гуфта, Мавлуда ҳафтаҳои дароз гум мешуд, Мирзо намедонист, ки занаш дар куҷову бо кӣ мегардад. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, қариб ҳар шаб зани якумаш Сафина ба хобаш медаромад. Хоб медид, ки Сафина дар ботлоқе дармондааст ва дастҳои пур аз ботлоқу гилашро ба сӯйи ӯ дароз карда, имдод мепурсад. Мирзо даст дароз мекард, то Сафинаро кашида барорад, аммо ботлоқ худи ӯро низ ба комаш мекашид ва аз тарси ҷон додгӯён дар обу арақ ғӯтида аз хоб бедор мешуд.
Дарди дил
Мирзо як саҳар ба модараш дарди дил карда гуфт:
-Оча, ҳар шаб Сафина дар хобам медарояд. Мудом мегуфт, ки агар ту маро партофта, зани дигар бигирӣ, худамро дар ҳамин ҳавлӣ ба дор овехта мекушам. Метарсам, ки гуфтагиашро накарда бошад…
--Эй бача, ту ақлатро хурдаӣ магар? Сафина чӣ хел дар рӯзи тӯй, вақте ки хона пур аз меҳмон буд, ба ин ҷо омада худашро ба дор меовезад?! Дигар ин гапро дар ягон ҷой аз даҳонат набарор, ки ману туро қотил гуфта, бурда ҳабс мекунанд,-норозиёна қавоқ андохт модараш.
-Намедонам барои чӣ, вале дилам гувоҳӣ медиҳад, ки Сафинаи бечора худкушӣ кардааст ва ҷасадаш дар ҳамин наздикиҳо аст,-лаб газид Мирзо.
-Эй ин қадар Сафина, Сафина нагӯй, ки ҳозир занат фаҳмад, қиёматро қоим мекунад. Хислати Мавлударо худат нағз медонӣ, чунон шаттоҳ аст, ки дар як дам одамро пӯст карда мепартояд,-таъкид кард Саломатхон, ки алови чашмашро келини нав кайҳо гирифта буд.
Бозёфти даҳшатангез
Мирзо ҳамоно шаб то саҳар мижжа таҳ карда наметавонист. Ҳамин ки чашмонашро пӯшид, дар пеши назараш симои Сафина пайдо мешуд ва бо дастҳои мисли чӯб хушкшуда дарозаш ӯро ба сӯйи худ мехонд. «Мегӯянд, ки вақте мард номи талоқро ба забон гирифт, тамоми робитаҳои зану мард канда мешаванд, пас, чаро Сафина ба хоби падару модараш ё ягон каси дигар нею фақат ба хоби ман медарояд? Ин ҷо ягон сир ҳаст, охир агар зинда мешуд, то имрӯз вай аз худ дарак медод ё ягон кас хабар меовард, ки Сафинаро дар ин ё он ҷо дидааст»,- худ ба худ андеша мекард Мирзо. Дилаш гувоҳӣ медод, ки Сафина дар ҳамин наздикиҳо аст ва маҳз аз ҳамин сабаб ҳар шаб ӯро садо мекунад. Билохира бо амри дил вай ба ҷустуҷӯи бахти аввалаш сар карда, тамоми сурохиҳои хурду калони хонаашонро бо диққат аз назар гузаронд. Дар поёни ҳавлиашон ҳезумхонаи куҳнае буд, ки чанд сол боз касе дарашро накушода буд. Дари ана ҳамон ҳезумхонаи куҳнаро кушода, Мирзо якбора бо тамоми овоз дод зад. Фиғони талхи ӯро на танҳо падару модараш, балки ҳатто ҳамсояҳо шуниданд. Дар як дам ҳавлӣ пур аз одам шуд. Мадум бо гӯшаи чашм ба шифти оғил ишора карда, гиребони тавба медоштанд. Дар як гӯшаи ҳезумхонаи куҳна ҷасади Сафинаи ноком, аниқтараш боқимондаҳои он овезон буданд. Гӯштҳои баданаш кайҳо пӯсида рехтаанд, аз Сафинаи ноком танҳо як скилет-қолаби устухон боқӣ монда буду халос.
Мирзо оҳи сард кашида ба замин нишаст ва худ ба худ зери лаб пичиррос зад: «Ана барои чӣ дар хобам Сафина дастҳои мисли чӯби хушк қоқу дарозашро ба сӯйи ман дароз карда, имдод мепурсидааст. Маро бубахш, азизам. Мани беақлро бубахш. Ба қадри ишқи пок ва меҳрубонию ҳурмату эҳтиромат нарасида, туро хор кардам, Худо маро ба зани бад гирифтор намуда, оқибат дар зиндагӣ хору зор кард» Мирзо мисли девонаҳо бо скилети Сафина гап зада, чунон бо дарду алам гиря мекард, ки на танҳо падару модараш, балки ҳамсояҳо низ гирён шуданд…
Шаҳлои Наҷмиддин