Салом! Меҳрубон ҳастам сокини шаҳри Турсунзода. Дар баданам бо сабабҳои номаълум доғҳои сафед пайдо шудаанд. Ба назарам чунин менамояд, ки ҳама ба ҳоли ман механданд.
Ба табибон муроҷиат кардам, баъди ташхис гуфтанд, ки ба витилиго гирифтор шудаам. Пештар аз сомонаи Оила. ТЧ табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Насриддиншоев тез-тез ба маризон маслиҳат медоданд. Аз ҳамин хотир ман ҳам ба шумо муроҷиат кардам, ки шояд ин табиби ҳозиқ ба дардам даво меёбад.
Меҳрубон аз ш. Тунсунзода
Посухи Садриддиншоҳ Насриддиншоев
Доғҳои сафед дар пӯст бар асари норасоии пигменти меланин пайдо мешаванд. Синтези меланин дар ҷигар сурат мегирад ва баъди ҷараёни ҳосилшавӣ ҷониби пӯст роҳ мепаймояд, вале баъзан ин раванд бо ягон сабаб вайрон шуда, дар натиҷа пигменти меланин ба баъзе нуқтаҳои бадан намерасад. Ин боиси пайдо шудани доғҳои сафеде мегардад, ки дар илми тиб онҳоро витилиго ном мебаранд.
Омилҳои пайдоиши ин беморӣ гуногунанд, аз ҷумла заъфи аъзои дохилӣ аз қабили иллатҳои ҷигар, ғадуди зери меъда, ғадуди болои гурда, ғадуди сипаршакл, инфексия, ҳамчунин кирми лямблия боиси пайдоиши чунин доғҳо гашта метавонанд.
Илми тиб бо ҳама қудраташ ин бемориро мисли псориаз илоҷнопазир эълом доштааст, вале ман дар китобҳои қадимӣ чанд роҳи дармонашро пайдо намудам. Гузаштагони донишмандамон ин дардро бо воситаи гиёҳҳои нодире аз қабили оқирқирҳо, раҷул-ул-ғуроб ва занҷабил табобат мекарданд. Ман замоне ин гиёҳҳоро аз Кирмоншоҳ ва Куҳи Бесутун оварда будам ва се беморро бо воситаи ҳамин давоҳо табобат кардам. Якеашон доктори илми кимиё, дуввумӣ як хонуми узбекистонӣ ва саввумӣ ҷавоне буд аз шаҳри Қурғонтеппа. Ҳарсеашон пурра шифо ёфтанд. Имрӯз дар табобати ин беморӣ ҷавзи ҳиндӣ, нилуфар, саъди куфӣ, мастакӣ, киндир, мехак, афсантин, турбид ва ғайраро истифода мебарем. Тарзи тайёр кардани даворо намегӯям, чунки ёфтани ин гиёҳҳо барои одами одӣ бисёр мушкил аст. Шумо метавонед ҷиҳати рафъи омилҳои дохилӣ, ки боиси пайдоиши ин беморӣ гаштаанд, гиёҳҳои момирон, чойкаҳак, чоқла, решаи аир, риши ҷуворӣ, чилбуғум ва кокутиро ҷӯшонида нӯшед, вале барои пурра табобат намудан бояд ба табиб муроҷиат намоед.