Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми боздиди корӣ ба шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар карданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири энергетика ва захираҳои об, раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.