sebiston july new
САФАРИ ХУНБОРИ ГУЛНОРА
5917


Гулнора ҳамагӣ 25-сол дошт ва мебоист роҳҳои зиёдеро дар зиндагӣ тай намуда, ба қуллаи орзӯҳои худ бирасад, вале...

Сафар бо роҳи Душанбе-Хуҷанд Чаннок барои ин бонуи фариштарӯю фариштахӯй сафари охирин гашт. Ин сафари пурфоҷиа ва хунин риштаи ҷони Гулнораи 25-соларо барканда, дар дили ҷамъи пайвандон ва ёру дӯстонаш доғи абадӣ ниҳод.
Вазорати умури дохилаи кишвар аз сар задани як садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаннок хабар додааст.

Тавре ки манбаъ мегӯяд, ин ҳодисаи нохуш рӯзи 8-уми август, тахминан соати 04:30-и субҳ дар ҷамоати Ҳамрободи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух дода Шокирҷон Баракаев, ронандаи 21-солаи мошини “Дэу-Лабо” дар километри 326-уми шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд – Чанноқ аз ӯҳдаи идра кардани мошин набаромада, ба мошини боркаши тамғаи КАМАЗ, ки дар канори чапи роҳ беҳаракат меистод, бархӯрдааст. Суръати садама чунон пуршиддат будааст, ки танҳо наҷотдиҳандагон тавонистанд дамонро аз додили мошин берун бароранд.

Ронандаи “Деу-Лабо” бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бистарӣ гаштааст, вале мусофири ин мошин Гулнора Соҳибоваи 25-сола аз ин садамаи хунин ҷон ба саломат набурда, дар ҷойи ҳодиса фавтид. Феълан таҳқиқот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД