formula
САФАРИ ХУНБОРИ ҒАНИҶОН ВА НОДИРУ АНВАР
8687


Фоҷиае, ки се хонаро мотамсарой кард.
Он шом табъи Ғаниҷон, Нодир ва Анвар болида буд. Мусофирон ҳарду ҳамсол буданд ва ситораҳояшон бо ҳам мувофиқ афода, сӯҳбаташон ба зудӣ қур гирифт.

“Опел-Астра” якмаром ҳаракат мекард ва онҳо раҳораҳ бо ҳамдигар ҳазлу шӯхӣ карда, мегуфанду механдиданд, Ронанда ҳам баъзан ба сӯҳбати мусофирон ҳамроҳ шуда, қиссаҳои аҷиб нақл мекард.

Ин се ҷавонмарди баркамоли рустамбзу саргарми ҳазлу шӯхӣ ҳатто ба гӯшаи хаёлашон ҳам намеоварданд, ки ин сафар сафари охирини онҳо хоҳад гашт ва аз умрашон дақиқаҳои башумор боқӣ мондааст, аммо...

Ҳамааш дар як лаҳзаи кӯтоҳ рӯй дод. Он қадар кӯтоҳ, ки ҳатто фурсат наёфтанд дарк намоянд, ки чаро ин тавр шуд.
Мошин аз роҳ баромада ба дарахти азими сари роҳ бархӯрд ва...

Дар як лаҳза курсиҳои нишаст, дару тирезаи мошин ва замин аз хуни ин се ҷавонмарди тоҷик, ки дар дилҳояшон орзуву ормонҳои зиёде доштанд, лолагун гашт. Хун аз бадани ронанда ва мусофирони мошини ба фалокат дучор гашта мисли фаввора беист мешорид...

Ин ҳодисаи нохуш дар ноҳияи Қубодиён рӯй дода, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Т. Сангин мошини тамғаи “Опел-Астра” якбора аз роҳ баромада ба дарахти сари роҳ бархӯрд. Дар натиҷаи ин фалокат ронанда Ғаниҷони Ғаниеви 29-сола ва мусофири мошин Анвар Аскарови 37-сола дар ҷойи ҳодиса ҷон ба ҷонофарин супурданд. Мусофири дигари мошин Нодир Ортиқов, ки ҳамсоли Анвар Аскаров буд, дар беморхона ҷон дод.

Ҳамин тавр як дарахти сархӯр боиси он гашт, ки се ҷавонмарди паҳлавонсурат беҳтарин неъмат-ҷони ширини худро аз даст диҳанд.
Се хона мотамсарой гашта, се ҷавонзан рӯймоли сиёҳ бар сар карданд.

Волидон бе писар, фарзандон бе падар монданд...
Дар дил се авлод захми сӯзоне пайдо шуд, ки давое надорад.

Ин доғ доғи аз даст додани азизони худ аст.
Худованд чунин дарду доғро насиби ҳеҷ як падар, модар, хоҳар, бародар ё зану фарзанд нагардонад, зеро ҷигарсӯз аст доғи аз даст додани азизони худ.
Ронандагони азиз! Ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёткор бошед, то ҷони худ ва ҷони дигаронро дар хатар нагузоред!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД