Formula novemver 2024
Садридиншоҳ Ҷалолӣ: Рӯза ба беморони қанд ва занони хомила зарар дорад!
01.04.2022
ОИЛА
1253

 

Инак, мохи шарафи рамазон низ фаро мерасад. Албатта ҳар як фарди мусалмон кӯшиш мекунад, ки дар ин моҳи муборак рӯза дошта,аз кулли гуноххо пок шавад.

Барои одамони солим руза фоида дорад, вале магар рӯза доштан ба саломатии одамони бемор зиён намерасонад? Барои дарёфти посух ба ин саволҳо бо табиби ҳозиқ СадриддиншохЧалоли ҳамсӯҳбат гаштем.

-Аксари беморон аз тарси фардои қиёмат ба касалиашон нигоҳ накарда рӯза медоранд. Магар рӯза доштан ба саломатии онҳо зарар надорад?

-Пеш аз ҳама фарорасии моҳи шарифи Рамазонро ба ҳамдиёрон табрик мегӯям ва таманно мекунам, ки Рамазон ба ҳар хонадон файзу баракат ва шодию фараҳ биёрад. Рӯза доштан барои одамони тансиҳат фоида дорад, чунки ҷисм аз ҳар гуна ифлосиҳо пок мешавад. Худованд ба шараофати ин моҳ ба одамон имкон медиҳад, ки худро аз тамоми заҳру зуқуми дар вуҷудашон ҷамъшуда озод созанд. Барои касоне, ки бемор ҳастанд, аз ҷумла ба маризони касалии қанд дошта рӯза доштанро натанхо табибон, балки уламои дин низ маслихат намедиханд. Гирифторони ин беморӣ бояд пайваста дору истеъмол намоянд, то саломатиаш аз даст наравад. Одамони бемории қанд дошта бояд обро зиёд нӯшанд. Талаботи организмро бо моеи нӯшокӣ қонеъ кардани бемор шарт аст, бинобар ин, касони касалии қанд дошта набояд рӯза бигиранд.

-Солҳои охир шумораи гирифторони касалии қанд торафт зиёд шуда истодааст. Сабаби пайдоиш ва омили афзоиши ин беморӣ дар чист?

-Сабабҳои пайдоиши беморӣ зиёданд. Камҳаракатӣ, пурхӯрӣ, аз сар гузаронидани рӯзгори вазнин сарчашмаи беморӣ гашта метавонанд.

-Солҳои пеш бештар калонсолон ба касалии қанд гирифтор мешуданд, вале вақтҳои охир ҷавонини зиёдеро мебинам, ки аз ин беморӣ азият мекашанд...?

-Шароити зиндагии ҷавонон чандон хуб нест. Аксари бачаҳои мо дар мусофират азобҳои алим мекашанд, таҳқир мебинанд, хорӣ мекашанд, кор ёфта наметавонанд, корё банд, пулашонро намедиҳанд, асабоният ва бисёр фикр кардан ба саломатиашон бе таъсир намемонад ва ба ҳар гуна маризиҳо, аз ҷумла ба касалии қанд гирифтор мешаванд.

-Ман ба ин фикратон чандон розӣ нестам, чунки ҷавонони ба қавле чор ишкели зиндагиашон бутун низ ба касалии қанд гирифтор мешаванд…?

-Бале, гирифтор мешаванд, вале сабаби касалии онҳо тамоман дигар аст. Камҳаракатӣ, рӯзи дароз дар паси компютер нишастан, баъди кор бо мошин ба хона омада, зуд хӯрок хӯрда хобидан онҳоро ба касалии қанд гирифтор месозад.

-Одам аз куҷо мефаҳмад, ки ба касалии қанд гирифтор шудааст?

-Харобшавӣ дар фосилаи хеле кӯтоҳи вақт, ҳамчунин бемадорӣ ва тез-тез ташна шудан нишонаи пайдо шудани касалии қанд дар ҷисми инсон аст. Тамоми аъзои бадан оҳиста-оҳиста ба дард медарояд. Чашм хира шуда, дандонҳо мерезанд. Одамоне, ки ин нишонаҳоро дар ҷисмашон эҳсос намудаанд, бояд фавран ба духтур муроҷиат намоянд.

 -Барои ба касалии қанд гирифтор нашудан чӣ бояд кард?

 -Бо шиками сер ва меъдаи пур хоб кардан одамро танҳо ба касалии қанд не, ба чандин иллатҳои дигар низ гирифтор мекунад, аз ин рӯ маслиҳат медиҳам, ки дар як-ду соат ақалан 10-15 дақиқа вақташонро сарфи машқҳои ҷисмонӣ намоянд. Пиёда гаштан ба саломатӣ фоида дорад, кори дил ва тамоми узвҳоро муътадил месозад. Ногуфта намонад, ки телефони мобилӣ низ чандон ба саломатӣ фоида надорад, бинобар ин, кӯшиш намоянд, ки аз телефонҳои ҳамроҳ камтар истифода баранд.

-Гуфтед, ки пиёдагардӣ ба саломатӣ фоида дорад. Одам бояд дар як рӯз чи қадар масофаро пиёда тай намояд?

 

-Шахсоне, ки бемор шудан намехоҳанд, рӯзе бояд 3-4 км масофаро пиёда тай намоянд. Тоҷикистони мо табиати биҳиштоосо дорад. Одам вақти пиёда роҳ гаштан бояд ба манзараҳои зебои табиат аҳамият дода аз нағмаи паррандагон ҳаловат барад. Худованд ончунон меҳрубон аст, ки барои мо табиати афсунгар офаридааст, то ба гулу буттаҳои сабзро тамошо кардаю ба хониши паррандагон гӯш дода, ақалан чанд лаҳза мушкилоти зиндагиамонро фаромӯш намоем.

-Касалии қанд аз насл ба насл мегузарад?

-Бибию бобо, падару модар касалии қанд дошта бошанд, хатари ба ин беморӣ гирифтор гаштани фарзандон пеш меояд. Аз ҳамин хотир касоне, ки бемории қанд доранд, бояд ба фарзандонашон ҳамеша талқин намоянд, ки дар паи обутоби бадан бошанд. Касоне, ки волидонашон касалии қанд доранд, аз пурхӯрию ширинихӯрӣ даст кашанд ва бештар дар ҳавои тоза сайргугашт намоянд, хатари ба ин беморӣ гирифтор шуданашон камтар мегардад. Дар кишвари мо меваву сабзавот зиёд аст, ба ҷойи қанду ширинӣ неъматҳои табииро нӯши ҷон намоянд беҳтар аст.   Маҳсулоти табиӣ хафи пайдоиши касалии қандро паст мекунад.

 -Кӯдак дар батни модар ба касалии қанд гирифтор шуда метавонад?

-Занҳое, ки модар шуданиянд, бояд аз рӯзи авали ҳомидладорӣ ба назди духтурони оилавӣ рафта, то таваллуд карданашон ҳамеша зери назорати табибон бошанд, вале бонуҳои мо худашонро хеле кам эҳтиёт мекунанд. Аксари занони ҳомиладор дар рамазон рӯза медоранд. Мегӯянд, ки дар рамазон хастагиро эҳсос намекунам. Онҳо ҳолати худашонро ба назар мегиранду тифли дар батнашон бударо фаромӯш менамоянд. Ба тифли ҳанӯз ба дунё наомада низ ғизо лозим аст, аз ин хотир ғами саломатии фарзандро аз батни модар бояд хурд. Занҳое, ки касалии қанд доранд, агар тарсанд, ки тифлашон бемориашонро мерос мегирад, албатта кӯдакашон солим ба дунё намеояд, чунки тарс яке аз сабабҳои асосии пайдоини ин дард аст.

 

-Дар моҳи шарифи рамазон ҳар кас кӯшиш менамояд, ки рӯйи дастурхонаш бобаракат бошад. Магар ин серую пурию пурхӯрӣ ба саломатӣ зиён намеравонад?

-Албатта мерасонад. Мо, тоҷикон дар моҳҳои дигар ба ғизоямон чандон аҳамият намедиҳем, вале ҳамин, ки рамзон омад, дастурхонамонро аз кулчаҳои ширмол, торту самбуса, мағзу чағз пур мекунем. Рӯзи дароз гуруснаю ташна мегардему шом якбора ба дастархони пур аз нозу неъмат ҳуҷум карда, шикамамонро чунон пур мекунем, ки ягон сантиметраш холӣ намемонад. Ин фаровонӣ бар зарар ба ҷисму ҷонамон гашта, кори меъдаю рӯдаҳоро вайрон мекунаду пас аз ид дар ба дари табибон давида мегардем. Набояд фаромӯш кард, ки дар таркиби хӯрок ва дигар хӯрданиҳои серғизо холестерин зиёд аст. Вақте ки дар организм холестерин зиёд шуд, албатта қанд зиёд мешавад.

-Барои маслиҳатҳои судманд як ҷаҳон ташаккур!

-Саломат бошед!

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД