Formula novemver 2024
"САДОИ БЕСАДО"-ИФШОГАРИ ЗИНДАГИНОМАИ ДУХТАРЕСТ, КИ ЗАБОНИ ГУЁ НАДОРАД
3270
"САДОИ БЕСАДО"-ИФШОГАРИ ЗИНДАГИНОМАИ ДУХТАРЕСТ, КИ ЗАБОНИ ГУЁ НАДОРАД

Расо 24 сол қабл дар яке аз гӯшаҳои зебои Тоҷикистон - маҳаллаи Зарафшон духтараки дӯстрӯяки фариштарӯе ба дунё омад. Падару модар ва бибию бобо бо сад ҳавасу орзу духтарчаро ба оғӯш гирифта, ӯро Хурсандбону ном гузоштанд. Хурсандбону фарзанди аввалини хонадон аст.

Сар аз замони хурдӣ ҳар як сонияю дақиқа ҳушу хаёли хонадон ба ӯ банд буд. Аммо дар ҳафтмоҳагии тифл модар парешонхотир шуду вуҷуди падарро тарс фаро гирифт. Дар ин синну сол дилхоҳ кӯдак ҳангоми гирифтани ноу фарёд карданаш мутаассир мешаваду аз худ эҳсосот нишон медиҳад ё ақаллан нимнигоҳе мекунад, аммо бибии Хурсанбону ҳарчанд ӯро “Хурсанд, Хурсандҷон, Бонуҷон”, - гуфта, садо медод, вале ӯ тарафи модаркалонаш нигоҳ намекард.

Ҳамин дам, дили модарбузургро сояи сиёҳи хавф зер карду даррав пай бурд, ки кӯдак ношунаво аст.

Модари Хурсандбону гирён гашту орзую ҳавасаш ба хок яксон шуд. Аз зиндагӣ сахт рӯҳафтода гардид. Ояндаи ҷигарбандаш дар симои духтари маъюб дар пеши чашмонаш мисоли лентаи кино тоб мехӯрд. Лекин як рӯз ҳодисае рух доду зиндагии Хурсандбону 180 дараҷа тоб хӯрд ва ҳаёташ ба куллӣ дигар шуд.

Аҷиб, чӣ ҳодисаи мӯъҷизанок рух дод?

Оё ношунавоӣ Хурсандбонуро пойбанди хона кард? Ё чӣ чиз буд, ки маҳз ӯ қаҳрамони филми ҳуҷҷатии мо интихоб гардид? Ва сониян, Хурсандбону ба чӣ кор машғул асту чӣ гуна рӯзғор дорад? Филми ҳуҷҷатии “Садои бесадо” ба ҳамаи ин саволҳо ҷавоб медиҳад.

P.S: Филми ҳуҷҷатии кӯтоҳмуддат бо кӯмаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст .Oila.tj барои муҳтавои ин нашрия масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ё Internews-ро инъикос намояд.

 

USAID созмони пешбари рушди байналмилалӣ буда, рушди устуворро тақвият мебахшад. Фаъолияти USAID ба пешбурди амнияти миллии ИМА ва шукуфоии иқтисодии он равона шудааст, саховатмандии Амрикоро нишон медиҳад ва ба рушди худбоварӣ ва устувории кишварҳои манфиатбар саҳм мегузорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД