Formula novemver 2024
Садоқати келини «кофир»
17.12.2022
Дилошӯб
1843

 

        Корчалон

Рамазон аз хурдӣ дар мактаб аъло мехонд, дар оилаи онҳо шаш духтару ду писар ба воя мерасиданд. Падараш бо пули ҳалоли омӯзгорӣ ва боѓдорӣ фарзандонашро калон мекард ва мехост, ки онҳо оянда роҳи худро ёфта, номбардори падар гарданд. Бародараш Ромиш пай касби падар рафта муаллим шуд ва чун падар дар ноҳия обрӯи хоса дошт ва омӯзгори номдор буд, писари ӯро зуд дар зинаҳои мансаб ҳамин обрӯи падар боло бурд. Дар як муддати кӯтоҳ Ромиши љавон сардори шӯъбаи маорифи ноҳия шуд. Ҳамсараш ҳамсабақи Ромиш буду дар мактаби деҳа муаллима шуда кор мекард, шаш апаашро дар деҳа келин карданд, зеро духтарони нозанину сархаму меҳнатӣ ва боодобе буданд. Ҳарчанд янгааш айбе надошт, вале модараш мудом дар пинҳонӣ ба Рамазон мегуфт, ки акаат бегонаро гирифт, ту бояд аз хешовандонамон ҳамсар интихоб намоӣ. Рамазон донишгоҳро дар риштаи иқтисод ба итмом расонида бошад ҳам, ба тиљорат даст зад ва муваффақ ҳам шуд. Дар як муддати кӯтоҳ дар пойтахт соҳиби хонаи шахсӣ шуд. Модар барои писари корчалонаш духтари хоҳараш Рамзияро келин интихоб кард. Рамзияи сафедандому ҳунарманду зебо ба Рамазон писанд омаду онҳо хонадор шуданд. Зиндагии љуфти љавон зебо мегузашт, Худованд ба онҳо аввал ду писар ва баъд духтари нозанине эҳдо намуд.

                            

              Ноздонаи падар

Розияро падар он қадар дӯст медошт, ки ҳамеша ӯро мисли арӯсакон оро дода, ҳамроҳаш мегардонд. Кампири Саида аз ин кори писараш норозӣ мешуду мегуфт, ки эрка оқибат балои љон мешавад. Аммо инро ба кӣ мегӯӣ? Розия эркаву худхоҳ ба воя расид, касе ҳақ надошт, ки пишаки ӯро пишт бигӯяд. Худаш ба љавоне ошиқ шуд, ки аз оилаи носолим буд, Рамазон аввал духтарашро хеле насиҳат кард, вале чун дид, ки намешавад, ба ин издивољ розӣ шуд. Розия ба падараш гуфт:

-Падарљон, агар маро ба Нозим надиҳед, худамро аз ошёнаи нӯҳум поин андохта мекушам! Рамазон медонист, ки духтари инљиқи якраваш ба ҳар кор қодир аст, розӣ шуд.

Тӯй аз ҳисоби Рамазон дар як тарабхонаи бошукӯҳ барпо гашт, арӯсро ба хонаи шавҳараш бурданд ва баъди як ҳафта ӯ қаҳр карда, ба хонаашон омад. Бечора мард ба хотири вайрон нашудани оилаи љавони духтараш барои домоду духтараш хонаи алоҳида харид дар маркази шаҳр, барои домоди бекорхуљааш мошини арзонбаҳое харида дод, ки кирокашӣ кунад. Барои Розия бошад, маѓозаи либосворӣ кушод, зеро ӯ донишгоҳро ба зӯр дар риштаи бонкдорӣ хатм карда бошад ҳам, як рӯз дар ягон љо кор накарда буд. Тиљорат кори ҳар кас нест, Розияи зуккахӯр сари ҳар бори овардааш муфлис мешуду падар боз қарз меканд. Зиндагии сагонаи Розия бо шавҳараш, ки пур аз љангу љанљолу занозанӣ буд, шаш сол давом кард ва дар ин миён ӯ соҳиби як писар шуд. Писарашро модараш калон мекард, зеро бародари калонияш бо оилааш дар Германия зиндагӣ мекарду хурдӣ дар Маскав дар Донишгоҳи тиббӣ мехонд.

                           Балои ҷони волидон

Розия аз шавҳараш људо шуду ӯро аз хона ронда, ба хонаи падар баргашт, дертар хонаашро низ фурӯхту ба падараш ваъда дод, ки тиљораташро васеъ мекунаду Худо хоҳад, баъд хона мехарад. Аммо ба љойи васеъ кардани тиљорат мошини бадвоҳимаи хориљӣ хариду акнун шабу рӯз кораш дискотека ба дискотека гаштан буд. Рамазон акнун ба сари духтараш даст мебардошт, ӯро дар хона маҳкам мекард, аммо дер шуда буд. Ин марди сарватманди миёни љомеа соҳиби обрӯ баъзан пинҳонӣ аз ҳама мегирист, симои волидайни аз дунё рафтаашро пеши рӯ оварда, афсӯс мехӯрд, ки чаро ба гапи онҳо гӯш накард. Дар ин миён писари хурдияшон Шаҳром аз Маскав ҳамроҳи дилдодааш баргашт. Вера, духтари духтурони баобрӯ буда, ба тољикписари зебо дил дода буд. Рамазону занаш чизе нагуфтанду тӯйи зебое ороста, хешони арӯсро аз Маскав ба Тољикистон хонданд. Вера тӯли ҳафт соли бо Шаҳром шинос будан забони тољикиро омӯхта, бо тољикӣ озод ҳарф мезад, якҷоя бо шавҳар ба кор сар карданду хеле зуд муваффақ шуданд. Шаҳром ѓайри кор дар як беморхонаи шахсӣ ба тиљорати дору низ машғул буд, ки дасти росташ дар ин кор занаш буд. Вера мошин меронд ва хеле замонавӣ мегашт, ин ҳама ба Розия, ки дар хонаи падар мезист, мақул набуд ва ӯро кофири ҳаром номида, ҳамроҳаш љанг мекард. Вера аслан духтараки оромтабиат буд ва ба хархашаҳои Розия аҳмият намедод, ҳатто вақте ӯро зери лагад кашид, чизе нагуфт. Танҳо баъди ором шудани Розия назди хушдоманаш рафта гуфт:

-Оча, духтаратонро ғундоред, ман аз хурдӣ каратэ машқ мекунаму қаҳрам ояд, чунонаш мекунам, ки аз таваллуд шуданаш пушаймон мешавад. Аммо Розия одаме набуд, ки пеши роҳашро касе гирад…

                    Духтар не, дарди сар

Шояд баъди сарзанишҳои модар Розия каме тарсид, ки дигар ба Вера даст намебардошт, аммо номаш ҳамоно кофири ҳаром буд. Вера лаҳзаҳои оромии Розия мегуфт:

-Роз, аввалло ман кофир нестам, зеро хрестиянҳо ҳам аҳли китобанд ва Худои якка ва ягонаро мепарсанд, баъд ман панљ сол боз дини исломро пазируфтаам ва қуръонро ҳам арабию ҳам тољикӣ мехонам. Баъд магар ту кофиртар аз ман нестӣ, ки ин қадар ѓаму ѓурбатро ба сари падару модарам овардӣ?! Ман ба ту чӣ кори бад кардаам, заҳмат мекашам, нони хӯрдаамро ҳалол карда мехӯрам, писари туро мисли додарам азиз медорам, чаро маро бад мебинӣ? Розия бо овози баланд фарёд зад, ки туро барои он бад мебинам, ки падару модарам туро аз ман зиёдтар дӯст медоранд, ба шавҳарат гӯй, хона харида, туро бурда дафъ кунад! Шаҳром гоҳе пушти занашро гширифта, бо апааш љанг мекард, аммо гоҳи дигар Вераро ба сабру таҳаммул мехонд, ки “хайр, Худо инро ҳамин хел девона офаридааст, чӣ кор кунем?” Ба ҳама бадахлоқиҳои Розия як садамаи хунбор нуқта гузошт, ӯ як шабона аз тарабхонае маст баромада, роҳгузареро пахш карда кушту ӯро панљ сол аз озодӣ маҳрум карданд. Модараш хеле гиристу зорӣ кард, аммо Рамазони тољир як танга ҳам барои аз маҳбас озод намудани духтараш сарф накард ва ба писараш амр дод, ки ба хабаргирияш ҳам нарав!

          

                       Садоқати келини «кофир»

Ягона хабаргири Розия Вера буд, духтараки дилсапеду хушахлоқу самимӣ хушдомани меҳрубонашро дӯст медошту медонист, ки барои духтараш азият мекашад. Ӯ пинҳон аз шавҳару хусураш ба хабаргирии Розия мерафт, баъдҳо Шаҳром низ бо насиҳатҳои занаш аз ҳоли хоҳари зиндонияш хабар мегирифтагӣ шуд. Шаҳрому Вера соҳиби як духтару як писар буданд, хусураш ҳар бегоҳ ҳам барои онҳо ва ҳам барои писари Розия шириниҳои ҳархела меовард, Вера ҳатто аз ҳамон шириниҳо ҳам ҳаққи Розияро мегирифт. Либосҳои ѓафсу гарм харида, барояш мебарад.

Дар урфият мегӯянд, ки кӯзапуштро гӯр ислоҳ мекунад ва Худо медонад, ки Розия аз маҳбас чӣ гуна мебарояд, вале садоқати янгаи русашро набояд фаромӯш кунад. Вақте ки ӯ дар озодӣ буду пулу мол дошт, дар атрофаш дугонаву ёру љӯраҳо дошт, аммо чун зиндонӣ шуд, танҳо Вера ӯро напартофт….

                                                                                Дилошӯб                      

                  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД