Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз садамаи мудҳише хабар медиҳад, ки дар паи он ронанда ва мусофирон дар беморхона бистарӣ шуданд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ин воқеаи нохуш рӯзи 14-уми март, рӯзона тахминан соати 11:00 рух додааст.
Гуфта мешавад, ки садама ба сабаби аз уҳдаи нақлиёт набаромадани ронанда рух додааст.
Ронандаи автомашинаи "Опел-Астра", Саидов Ибодулло Исматович, сокини 56 - солаи ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Ваҳдат ба ноҳияи Ёвон, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳусейнов мошинро дар нишебии тахминан 30-метрӣ чаппа намудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Саидов И.И. ва мусофирони дар дохилаш буда, Собирова Майрам Ҷамолиддиновна, сокини 49-солаи шаҳри Ваҳдат ва Мирзоева Нигина Мирзошарифовна, сокини 43 солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.