Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз сар задани боз як садамаи хунин ва маргбор дар ҷумҳурӣ хабар додааст. Ин ҳодисаи нохуш дар шоҳроҳи Душабе-Кӯлоб ба вуқуъ пайваста, бархӯрди ду мошин боиси ҷони худро аз даст додани як зани 62-солаи тоҷик ва захмӣ шудани чанд тани дигар гашт.
Тавре ки манбаъ мегӯяд, ин садамаи хунин тахминан соатҳои 16.40 ба амал омадааст. Фирдавс Раҳмонзода, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Камри” ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб аз ӯҳдаи идора кардани мошин набаромада, ба “Опел-Астра” бармехӯрад. Мусофири “Тойота-Камри” Бобоёрова Ҷамолбии 62-сола дар ҷойи ҳодиса ҷон ба ҷонофарин супурда, ронандаи “Опел-Астра” Даминов Убайдуллои 30-сола, ҳамчунин мусофирони ин ду мошини зарардида Мирзоев Комилҷон ва ноболиғ Саидбилол Раҳмонзодаро бо захмҳои гуногун ба беморхона интиқол доданд.
Аз рӯйи ин ҳодиса парванда оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.