Дар натиҷаи бархӯрди ду автомошина дар шаҳри Хуҷанд мусофири ноболиғ ба ҳалокат расидааст.
Тибқи иттилои вазорати корҳои джохилӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «Хонда-СРВ», Зокиров Собирҷон Содиқович, соли таваллудаш 1989, сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмони ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар вақти ба роҳи асосӣ баромадан, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи «Тойота-Каролла-Версо», таҳти идораи ронанда Рустамов Азиз Азимович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Хуҷанд, бархӯрда, аз зарбаи он автомашинаи тамғаи «Тойота-Каролла-Версо» ба бетони канори роҳ бархӯрда, чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Тойота-Каролла-Версо», ноболиғ Ибодов Манучеҳр Мавлонович, соли таваллудаш 2006, сокини шаҳри Хуҷанд, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.