Рамазон моҳи хайру эҳсон аст. Мегӯянд, агар кас дар ин моҳи муборак ба одамони бенаво чизеро садақа кунад ва ё гуруснаеро таъом диҳад, савоби даҳчанд мегирад. Ман худ бевазан ҳастам ва ду фарзандамро ба танҳоӣ ба воя мерасонам. Хонаву дар надошта бошам ҳам, шукри худо ҷойи кор дорам ва фарзандонамро аз падардорон беҳтар мехӯронаму мепӯшонам. Чанд рӯз пеш аз сомонаи Оила. ТЧ навореро аз рӯзгори сангини як зани аробакаш тамошо кардам ва дилам ба ҳоли чор фарзанди падардори бе падараш сӯхт. Мехоҳам ба хотири савоб дар моҳи мубораки рамазон нисфи маошамро ба ин зан диҳам ё як халта орд ва равғану биринҷу хӯрока харида ба аёдаташ равам, вале модарам мегӯянд, ки ту худат як бевазан ҳастӣ, бар замми ин, хонву дар надорию дар хонаи мардум иҷора мешинӣ, хайру садақае, ки мекунӣ, қабул намешавад. Ин гап рост аст? Магар худо хайри одамони бе хонаро қабул намекунад?
Насиба аз н. Рӯдакӣ
Посухи домулло Ҷамолиддини Хомӯш
Хоҳари азиз! Аслан аз нигоҳи дини мубини ислом хайр кардан дар гардани шумо қарз нест, чунки зани танҳо ва бар замми ин, бе хонаву дар будаед, вале касеро, ки мехоҳад хайр кунад, аз ин кори савоб манъ кардан ҳам нодуруст аст. Ҳар хайре, ки одам бо нияти соф мекунад, махсусан дар моҳи шарифи рамазон Худованди меҳрубон албатта онро қабул мекунад ва бандаи саховатпешаашро аз савобу файзу баракаташ бенасиб намемонад.