Дар Тоҷикистон системаи электронии сабти таваллуд ва фавт ҷорӣ мешавад. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар додааст.
Дар Маркази омор ва иттилооти тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ рӯзи 24-уми октябр дар мавзӯи ҷорӣ намудани системаи электронии сабти таваллуд ва фавт дар чор таваллудхонаи пилотии шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ баргузор гашт. Дар кори семинар масъулини соҳаи тандурустӣ ширкат доштанд.
Манучеҳр Шамсуллозода, директори Маркази омор ва иттилооти тиббӣ ва Манучеҳри Асомиддин, мутахассис оид ба рақамикунонии соҳаи тандурустӣ оид ба ҷараёни рақамикунонии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳу усулҳои амалӣ намудани системаи электронии сабти таваллуд ва фавт ва дигар масъалаҳои алоқаманди соҳа маълумот пешниҳод карданд
Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали вазири та ндурустӣ ва Зулфия Абдусаматзода муовини вазир дар ин чорабинӣ дар боби зарурияти ҷорӣ намудани системаи мазкур суханронӣ намуда аз мутахассисони соҳа даъват карданд, ки дар даври омӯзишӣ фаъолона иштирок ва баҳри зудтар дар амал татбиқ намудани ин система талош намоянд.
Пас аз анҷоми давраи омӯзишӣ ҷорисозии системаи мазкур дар таваллудхонаҳои пилотӣ (озмоишӣ)-и шаҳри Душанбе оғоз мегардад.
системаи электронии сабти таваллуд ва фавт яке аз унсурҳои муҳими раванди рақамикунонии соҳаи тандурустӣ мебошад, ки барои беҳтар намудани идоракунии маълумоти демографӣ ва баланд бардоштани дақиқии омор равона шудааст.
Ин система на танҳо ба таври автоматикӣ сабти таваллуд ва фавтро таъмин мекунад, балки имкон медиҳад, ки иттилооти мукаммал дар бораи шароити таваллуд ва сабабҳои фавт дастрас гардад.