arzon replenishment
Сабринаро зани дуюм гирам?
1836
no-img

 


Ман Мурод ҳастам, аз кишвари рус ба шумо нома менависам. Чанд сол қабл занеро дӯст дошта,ба хонаашон хостгор равон кардам ва бесаброна интизори рӯзи васл будам, вале дӯстдоштаам ба ман занг зада гуфт, ки ҷавони аз худаш хурдеро ёфтаасту шавҳар мекунад. Аввал хаёл кардам, ки шӯхӣ мекунад ё маро месанҷад, вале ба ростӣ шавҳар кард ва дигар садди роҳаш нашуда, муносибатро бо ин зан пурра қатъ намудам...

Аз байн тақрибан ду сол гузашт, рӯзе дар истгоҳи метро ӯро вохӯрдам, ки бо писари 10-солааш ба ҷое мерафтанд. Салом дод, ман ҳам посух дода, аз наздашон гузаштанӣ шудам, вале қуввае маро боздошт. Сабрина ашк мерехту аз ман бахшиш мепурсид. Ростӣ, аз писараш, ки бо рашк ба ман менигарист, андак шарм доштам, вале модараш бо садои баланд мегуфт “ман туро дӯст медорам ... маро бубахш, биё занат мешавам, сеюм ҳам хоҳӣ, чорум ҳам”...

Ҳамроҳаш каме суҳбат карда, фаҳмидам, ки бо шавҳараш зиндагии душвор доштааст, зеро ӯ зани босаводу бо маърифат, вале шавҳараш ҷавони бе саводу ҷанҷолӣ буда, ҳамеша ӯро таҳқир мекардаасту дашном медодааст...

Дилам сахт ба Сабрина моил асту баъди фаҳмидани зиндагияш дилхун гаштам, вале гап дар сари он аст, ки баъди аз ман рӯй гардониданаш ман зан гирифтам. Азбаски ҳоло иладор ҳастам, намедонам чӣ кор кунам. Хонандагони азиз, маслиҳати шуморо интизорам.

Бо эҳтиром, як бародари ғариби шумо.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД