Волотарин гуҳар
Зани шоиста онест, ки аз хазинаи хасоили ҳамидаи инсонӣ ба таври бояду шояд бархўрдор бошад, ки волотарини онҳо сабр аст. Миёни мардуми мо анъанаест, ки духтарро аз хурдӣ дар рўҳияи сабр ба гардишҳои ногаҳонии қисмат тарбия мекунанд. Бе баҳс зане, ки аз сабр бархӯрдор аст, дар зиндагӣ бурд мекунад. Тоқатпазир будан ба монеҳои дар зиндагӣ дар ботини ҳар бону, ғайр аз тарбияи хуби оилавӣ боз ба ақл, дониш ва саводи ў вобастагии ногусастанӣ дорад. Мутаассифона ин хислати хуби инсонӣ дар ҷавондухтарон хеле кам вомехўрад. Коршиносони масоили оилавӣ, вайрон шудани оилаҳо ва бадтар аз ин, ба худкушӣ даст задани бонувонро маҳз дар ҳамин мебинанд...
Ўро тарсондан мехостам…
Гулбонуро хуб мешинохтам, ин бонуи зебо дар зиндагӣ аз чизе танқисӣ надошт, ҳамсараш ба ҷавониаш нигоҳ накарда, соҳиби ҷойи кори хубе буду барои ҳамсару се духтаракаш ҳавлии бошукўҳи зебое сохта буд ва тамоми шароити зиндагиро барояшон муҳайё мекард. Ба ў хабар оварданд, ки шавҳараш бо зани дигар муносибат дорад, вале мард инро рад кард. Ў тасодуфан суҳбати телефонии шавҳарашро бо маъшуқааш шунида, сари қаҳру ғазаб худро оташ зад…
Чун ба беморхона ба хабаргирияш рафтам, ўро нашинохтам, ҷисмаш сўхта, бирён шуда буд. Фақат лабони парсингбастааш базӯр меҷунбиданд. Ман чизеро нафаҳмидам. Апааш бо гиря гуфт: “Чанд рўз боз фақат як гапро такрор мекунад, “ман ўро тарсондан мехостам...””.
Гулбонуро талоши табибону гиряву зориҳои фарзандону пайвандонаш аз чанголи марг раҳонида натавонистанд, ҳамсараш пас аз ду соли марги ў бо дигаре хонадор шуд, на ба маъшуқааш…
Албатта дар марги Гулбонуи нозанин шавҳараш гунаҳгор аст, вале агар ин ҷавонзан каме аз сабр бархўрдор мебуд, ҳеҷ гоҳ даст ба худкушӣ намезад. Наход ба хотири ночизтарин монеа дар роҳи зиндагӣ худро ба коми оташи марг партоӣ? Бисёр вақт одамони ба худкушӣ даст задаро рўҳан бемор мехонанд, аммо Гулбону дами марг иқрор шуд, ки танҳо ба хотири тарсонидани шавҳар ба ин кор даст задааст, яъне ў мурдан намехост!
Мурдаи берун аз гўр…
Сарвар барои он ки ҳамсараш хонаи дар деҳа доштаашонро ба хоҳари бевамондааш додааст, ҳабҳои зиёдеро фурў бурда, худро дардманду маъюб намудааст. Ў аз кардаи хеш пушаймон аст, зеро нав ба сиюпанҷ қадам ниҳодааст, вале бо сабаби заҳролуд шудани баданаш як дасту пояш беҳаракат шудаанд. Баъди ҳодисаи рўйдода, ҳамсараш ўро талоқ кардааст...
“Писаронам бо падарашон зиндагӣ мекунанд, вале тез-тез ба хабаргириям меоянд. Ҳамсарам бароям хонаи дуҳуҷрагӣ харидааст ва ҳар моҳ маблағи муайяне мефиристад, аз ҳамон ҳисоб зиндагӣ мекунам. Ҳамроҳам духтари акаам, ки донишҷў аст, зиндагӣ мекунам, ман аз кори кардаам шарм медорам. Охир, дар шаҳр ду квартира ва ҳавлии дуошёна доштем, аз ҳарисию ноодамиям ба ин ҳол афтидам”,- мегўяд Сарвар.
Кирдори содирнамудаи Сарвар низ ба бемории рўҳӣ робитае надорад, ин бонуи худхоҳ танҳо ба хотири гузаронидани гапи худ ба шавҳар бо ҳаёташ бозӣ кардааст. Гумони ғолиб он аст, ки ҳаргиз чунин фарҷомро интизор набудааст…
(Давом дорад)
ДИЛОШӮБ