Arzon march 2024
Сабр занро хушбахт мекунад ё бадбахт?
1286

 

 

Дар зиндагӣ барои зан чизи аз ҳама муҳим хушбахтии оилавӣ аст. Албатта ҳар як зан мехоҳад, ки бо шавҳараш ҳаёти ширину гуворо ба сар барад, вале баъзан мо, бонувон бо рафтору кирдори нодурустамон ва бесабрии худ дар пастиву баландиҳои зиндагӣ хонаи бахтамонро бо дасти худ вайрон мекунем. Аксари занон барои ҳар як майда-чӯйда бо шавҳар ҷангу ҷанҷол бардошта, ба решаи бахташон бо дасти худ табар мезананд ва баъди хонавайрон шудан, ашкипушаймонӣ мерезанд. Барои он ки шумо дар зиндагӣ ба чунин хатогиҳо роҳ дода, ҳаёти ширини оилавиатонро талх нагардонед, чанд маслиҳатимуфидро манзуратон месозем.

1. Вақте ба ту касе дар бораи хушунати хонаводагӣ ҳарф мезанад, дуруст гӯш кун. Орому бе ҳассосият ва баъд хулосабарорӣ намо. Эроди дилхоҳ касро, агар безарар ва бидуни таҳқир бошад, чун маслиҳат қабул намудан камоли боақлист. Ин маслиҳатҳо, агар пучу бемаъно набошанд, ба ту дар аксари ҳолатҳо даркор мешаванд.

2. Пажуҳишгарони масоили оилавӣ хушунатро ба навъҳо ҷудо мекунанд, ҷисмониву равонӣ, иқтисодӣ ва ғайра, аммо ту дар ин росто мустақил бош!

3. Камбағалии шавҳар ҳаргиз наметавонад хушунати равонӣ бошад, зеро мо дар ҷомеае зиндагӣ мекунем, ки ёфтани кору маблағ хеле гарон аст. Ин ҳолат метавонад муваққатӣ бошад, аз ин рӯ сабрро пеша намо ва дар ёфтани ҳалли мушкил ба шавхарат ёри расон.

4. Андешае,ки мард бояд аз зан ҳамеша зиёдтар кор кунад, кайҳо кӯҳна шудааст, агар аз шавҳарат маоши зиёд мегирӣ, ҳеҷ гоҳ ӯро таъна макун!

5. Аробаи зиндагиро бояд ду нафар бар дӯши ҳам бикашанд..

6. Фаромӯ накун, агар барои амалӣ гаштани орзуҳоятон ту ба шавҳарат ёрӣ расонӣ, ба қуллаҳои мақсуд расидан осонтар мешавад.

7. Зиндагӣ маҷмӯаи бешу камист, танҳо сабр метавонад туро барои хушбахтиҳои оянда роҳбаладӣ кунад.

8.   Дар ёд дошта бош, лутф, меҳрубонӣ, якдигарфаҳмӣ, таҳкурсии ҳар як оилаи хушбахтанд, на ишқ!

9. Агар ишқ бошаду якдигарфаҳмӣ набошад, оила хушбахт шуда наметавонад, ин ҷо мори дигар бо неши заҳрогинаш ворид мешавад, ки рашк ном дорад.

10. Ягона хушунате, ки қобили таҳаммул нест, ин хушунати ҷисмонист! Вақте ҳамсарат ба сарат даст мебардорад, маротибаи аввал метавонӣ бо ӯ дар ин бора гуфтугӯ намоӣ, вақте ин амали ӯ ду-се бор такрор ёфт, аз ин муҳит гурез! Вақте ки саломатии ту зери хатар қарор мегирад, дигар ҳама насиҳатҳои бузургонро дар бораи сабру таҳаммул дигару дигар аз ёд барор ва заҳматхонаро тарк намо! Беҳуда нагуфтаанд як мушт хушбахт, як мушт бадбахт, шояд мушти баъдие, ки ба сари ту аз ҷониби марди муштзур меояд канандаи риштаи ҷони ту бошад. Ҳама хушунатҳоро метавон таҳаммул кард, ба ҷуз хушунати ҷисмонӣ!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД