Arzon accountant
Сабабҳои сактаи мағзӣ ва роҳҳои пешгирии он
947

Тибқи нишондодҳои омории Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 10 млн нафар одамон ба сактаи мағзӣ-инсулт гирифтор мешаванд. Аз ин шумора 5 млн нафарашон фавтида, аз теъдоди умумии зиндамондаҳо 80%-ашон маъюб мешаванд. 30%-и шахсоне, ки инсултро аз сар гузаронида, маъюб гаштаанд, ба парастор ниёз доранд, 20%-и дигар роҳ гашта наметавонанд. Хулоса, инсулт як проблемаи глобалии ҷаҳони муосир мебошад, вале бино ба таъкиди муҳаққиқони ТУТ дар 90%-и ҳолатҳо сактаи мағзӣ-инсултро пешгирӣ кардан мумкин аст.

Инсулт чист?

Тавре ки Хайрулло Иззатов, сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба бемориҳои асаб зимни як муҳовараи хеш гуфтааст:

- Фаъолияти муътадили майнаи сар, ки ба назорати ҳаракат, рафтор ва гуфтори инсон масъул аст, ҷараёни доимии хун дар рагҳои сарро тақозо мекунад. Ҳуҷайраҳои майна нисбат ба дигар узвҳои бадан ба норасоии оксиген ҳассостаранд, зеро нейронҳо қобилияти нигоҳдорӣ ва захира кардани оксигенро надоранд. Шояд аз ҳамин сабаб табиат майнаро бо тури рагҳои хунгард печонидааст. Оксигенро   ба мушаку бофтаҳои сар хун мекашонад. Инсулти мағзӣ як ихтилоли якбора ва босуръати гардиши хун дар сар, яъне халалдор шудани гардиши хун дар рагҳои он мебошад. Вақте ки бо хун таъмин кардани бофтаҳо ва ҳуҷайраҳои сар нокифоя аст, онҳо аз норасоии ҳаво оҳиста-оҳиста маҳв мешаванд. Ҳангоми канда ва ё комилан маҳкамшавии раг, ҳуҷайраҳои як қисми майна аз оксиген маҳрум монда, мемиранд ва дар он қисми майна сактаи мағзӣ-инсулт рӯй медиҳад.

Намудҳои асосии инсулт

Асосан, ду намуди сактаи мағзӣ кори системаи марказии асабро бештар халалдор мекунанд.

Сактаи ишемӣ – ин камхунии рагҳои майна, бар асари танг шудани маҷрои хун дар рагҳои сар, (варам) суддашавӣ, бо далели часпидани пулакчаҳои атеросклеротикӣ аст.

Дар ин ҳолат роҳи раги хунгарди майнаро тоза мекунанд, то хун аз бандшавӣ дар раг раҳоӣ ёбад.

Сактаи геморрогӣ-хунрезӣ, хунравӣ дар рагҳои хунгард (хунгузар) мебошад, ки бофтаи майнаро фишурда, танг мекунад.

Аз кафидан ё кандашавии рагҳои хунгард дар як муддати хеле кутоҳ дар майна тағйироти бебозгашт ба вуҷуд меояд. Одам ҳамон лаҳза карахт, беҳуш мешавад.

Беморро фавран ҷарроҳӣ карда, нуқсеро, ки сабаби нарасидани оксигену ғизо ба мавзеи осебрасида аст (гемотома) бартараф   кардан лозим аст. «Дамидани хун» ҳангоми сактаи геморогӣ метавонад ҳангоми кор дар ҷӯяк, рўҳафтодагии зиёд сар занад.

Нишонаҳои инсулт

Нишонаҳои ҳар ду навъи инсулт аксар вақт шабеҳи якдигаранд, тафриқа байни онҳоро томографияи компютерӣ нишон медиҳад.

Шаклҳои дигар, аз ҷумла сактаи субарахноид, камтар ба мушоҳида мерасанд. Фавран муайян кардани масоҳати сактаи мағзӣ-майдони инсулт низ ғайриимкон аст.

Сабабҳои инсулт

Муҳаққиқон сабаби 40% инсултро фишорбаландӣ муайян намудаанд. Фишори баланди хун бе ягон аломат, оҳиста-оҳиста ба дил ва рагҳо зарар мерасонад. Маъмулан, инсулт дар натиҷаи болоравии фишори хун (гипертонияи артериалӣ), атеросклерозу диабети қанд ба амал меояд. Ихтилол дар хунравӣ ва баъзе бемориҳои ирсӣ низ метавонад сабаби сактаи майна гарданд. Фарбеҳӣ, тамокукашӣ ва камҳаркатӣ аз зумраи омилҳои дигари беморӣ мебошанд. Аз нигоҳи коршиносони ТУТ (Созмони ҷаҳонии тандурустӣ), агар маҷмўи нишонаҳои бемориҳои номбурда бармаҳалу босифат ташхис ва саривақт муолиҷа карда мешаванд, шахс аз хатари сактаи мағзӣ эмин мемонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД