Sebiston new 2024 october
Сабабҳои пайдоиши чин дар атрофи чашм
1002

Пӯсти атрофи чашм тунук, нозук ва хушк аст, зеро дар он ҳамагӣ 2 ғадуди чарбӣ ҷойгир шудааст. Бо мурури вақт пӯсти атрофи чашм хушктару тунуктар шуда, рагчаҳои хунагарди зери чашм намоён мегарданд. Ҳавои ифлос, нури офтоб ва хеле кам об нӯшидан боиси пайдо шудани чинҳоибармаҳал дар атрофи чашмон мегардад.

Аллакай аз синни 20-солагӣ дар атрофи чашмон чинҳои хурд-хурд пайдо шуда, дар 30-40 солагӣ коллаген ва эластин дар ҷисми инсон ба маротиб кам ва шумораи чинҳо бештар мешавад. Пӯсти атрофи чашм халта зада , варам мекунад. Пас аз 40 -45 солагӣ бошад, ҷараёни аз навшавии ҳуҷайраҳо ва мубодилаи моддаҳо заифтар гашта, чинҳо намоёнтар мегарданд.

Вақте зан ғизои номукамал истеъмол намуда, хоби дуруст намеравад ё косметикаи рӯяшро бо маҳлулҳои зарарнок тоза мекунад, ин ба ҳолати пӯсти атрофи чашмон таъсири манфии худро мерасонад. Ба ғайр аз омилҳое, ки болотар номбар кардем, инчунин витамину микроэлементҳо, сатҳи ҳормонҳо, шамолу сардӣ, гармо ва хушкии ҳаво низ таъсири худро ба пӯсти атрофи чашмон мерасонанд.

Роҳҳои табобат дар шароити хона
Бо истифодаи ниқобҳои хонагӣ пӯсти атрофи чашмонро ботаровату нарм гардонида, чинҳои хурди атрофи чашмонро бартараф кардан мумкин аст. Ниқобҳои хонагӣ метавонанд ҳамчунин пӯстро сафед карда, осори хастагиро рафъ намоянд.

Ногуфта намонад, ки истифода бурдани ниқобҳо барои пӯсти атрофи чашм беҳуда аст, агар шумо ба саломатии худ диққати ҷиддӣ зоҳид нанамоед. Фаромӯш накунед, ки истеъмоли доруҳои асаб, дар як шабонарӯз камтар аз 7 – 8 соат хоб рафтан, рӯзи дароз назди компютер нишастан, истеъмоли ғизои носолим, ба ҳавои тоза набаромадан ва витамин нахӯрдан бар зарари зебоӣ аст.

Дар тамоми фаслҳои сол ба беобшави ҷисм роҳ надиҳед ва дар ҳавои офтобӣ молидани малҳами ҳифзкунандаро фаромӯш накунед. Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки малҳаму ниқобҳоро ба пӯсти болои чашм намолед, вагарна имкони варам кардани он дар назар аст. Якчанд роҳҳои осони авону зебо мондан мавҷуданд, ки шумо метавонед онҳоро дар хона истифода санҷиди бинед

Масҳ - пеш аз анҷом додани ин амал ҳатман пӯстро тоза кунед ва креми серғизоеро молед, ки ба намуди пӯст ва синну соли шумо мувофиқ бошад, сипас бо нӯги ангуштон бо ҳаракатҳои мулоим пусти атрофи чашмонатонро маҳс-массаж кунед. Бо ҳаракатҳои даврии мулоим пӯсти пилки поён ва сипас болоиро масҳ кардан лозим аст. Дар ин ҷо ва он ҷо тақрибан 20 ҳаракати даврӣ кунед.

Ниқоб аз банан
1 банан, 1 қошуқча равғани зайтун ва 1 қошуқча шибиту кашниз ва бобунаро дар блендер майда карда, ба пӯсти атрофи чашмонатон молед ва ним соат нигоҳ доред, баъдан бо оби ширгарм бишӯед.

Ниқоб аз асал
1 қошуқча асалро бо 1 қошуқча зардии тухм бо чангак лат зада, ба пӯсти атрофи чашмонатон молед ва 30 дақиқа нигоҳ доред баъдан бо оби ширгарм шӯед.

Ниқоб аз бодиринг
1бодиринг, каме ҷаъфарӣ ( петрушка ) ва 15 мл сметанаро дар блендер лат зада ба пӯсти атрофи чашмонатон молад ва 15 дақиқа нигоҳ доред, баъдан бишӯед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД