arzon replenishment
Рӯзҳои истироҳатӣ чӣ мегузарад?
506

Барои онҳое, ки давоми ҳафта ҳамагӣ 5 рӯз кор мекунанду рӯзҳои шанбеву якшанбе истироҳат, шояд ҳанӯз муаммо бошад, ки ин ду рӯзро чӣ гуна гузаронанд? Бо кори хона банд шаванд, ё ба фароғат? Мо барои шумо феҳристи чорабиниҳои рӯзҳои 3 ва 4-уми июнро омода кардем. Шинос шаведу интихоб кунед, ки ба кадомаш меравед:

Вохӯрӣ бо Павел Ли дар мавзӯи “Чӣ тавр дар ҷаҳони рақамӣ зинда мондан мумкин аст?”

Павел Ли коршиноси эҷоди мундариҷаи визуалӣ буда, таҷрибаи 12-сола дар самти истеҳсоли видео, тарроҳии графикӣ ва таблиғ дорад. Вай бо тамғаҳои бузурге аз қабили “Samsung”, “Western Digital”, “Beeline”, “Coca-Cola”, “ Green Peace” ва “Megafon” кор кардааст.

Кай: 10 июн соати 14:00

Дар куҷо: кӯчаи. Мирзо-Турсунзода, 12А, “Хонаи сабз”

 

Форуми байналмилалии тарабхонадорон ва тоҷирон

Шуморо дар ин чорабинӣ интизор аст:

  • намоишгоҳи калони шарикон;
  • майдони таомҳо;
  • суруду мусиқӣ;
  • дарсҳои маҳорат;
  • шиносоиҳои муҳим.

Дар таваққуфгоҳи «Кохи Суруш» намоишгоҳ ва қисмати фарҳангӣ баргузор мешаванд, ки дар он Сафармуҳаммад, Корлеон, DJ Ҷова ва ансамбли рақсии «Падида» баромад мекунанд.

Вуруд ба толор тариқи даъватнома буда, донишҷӯён бо пешниҳоди ҳуҷҷат ройгон дохил мешаванд.Телефон барои дархости чипта: 939993009, 888007800

Кай: 11 июн аз соати 10:00 то 21:00

Дар куҷо: “Кохи Суруш”

Балети «Куруши Кабир»

Ин мусиқӣ таҷассумгари симои марди бузурги таъриху сиёсат аст. Оҳангсоз Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Амирбек Мусо ва муаллифи либретто Нависандаи халқии Тоҷикистон Бароти Абдураҳмон аст.

Кай? 10 июн, соати 17:00

Дар куҷо? Театри давлатии опера ва балет ба номи С. Айнӣ

Арзиши чипта 55 сомонӣ. Аз ин ҷо ҳозир дастрас кунед.

 

Балети фаронсавии “Кармен”

Ин операи Жорж Бизе, ки кариб дах соли охир дар саҳнаҳо намоиш дода нашудааст, дар мавсими имсол пешкаши тамошобинони ватанй мегардад. Он асари аҷибест, ки зебоии оташини ишқи марговар ва эҳсосотро инъикос мекунад. Ин асар ба офаридааш шуҳрати ҷаҳонӣ овардааст.

Ин асар танҳо як рӯз дар иҷрои ситораҳои операсароёни миллӣ Шарофат Усмонзода, Манучеҳр Раҳмонов, Анжелика Тиман, Мунзифа Исоева, Достон Холов ва дигарон тахти рохбарии Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон Елена Тиллоева пешниҳод мегардад.

Кай? 11 июн, соати 17 00

Дар куҷо? Театри давлатии опера ва балет ба номи С. Айнӣ

Арзиши чипта 55 сомонӣ. Аз ин ҷо ҳозир дастрас кунед.

Аз идора: Минбаъд ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа феҳристи чорабинҳои рӯзҳои истироҳат нашр мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД