arzon replenishment
Форуми дуюми тарабхонадорон ва тоҷирон доир мешавад
646

Инак, бошукӯҳтарин чорабинии соҳибкорон ва тарабхонадорон дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Форуми дуюми тарабхонадорон ва тоҷирон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шарикон доир мешавад.

Дар ин чорабинӣ таомҳои лазиз, масстер-классҳо, мубоҳисаҳои пурмазмун, шиносоиҳо, баромади ситораҳои пешқадами мунтазири иштирокчиёнанд. Ҳамагӣ 1 рӯз - 11 июн рӯзгоратон пур аз таассуроти зиёду имкониятҳои нав хоҳанд шуд. Он аз ду қисмат иборат буда, шуруъ аз сотати 10:00 то 18:00 шумо аз қисмати маърифатӣ огоҳ мешавад. Сар аз соати 18:00 қисмати фарҳангӣ доир шуда, дар он ҳунармандони маъруф Сафармуҳаммади Рустам ва Карлеон ҳамроҳ бо диҷейҳо, ансамбли рақсии “Падида”, гуруҳи навозандагони “Карнай шоу” табъатонро болида мекунанд. Дар ин қисмат намоишгоҳи ширкатҳои гуногун низ доир мешавад, ки шумо метавонед бо имкониятҳояшон шинос шавед.

Агар шумо ба наздикӣ тиҷорати шахсии худро кушода бошед, пас Форуми дуюми тарабхонадорон ва тоҷирон маҳз барои шумост. Он имконияти хубест барои худро шинохтану шиносонидан дар бозори тиҷорат. Дар ин чорабинӣ шумо метавонед дар бораи тиҷорати худ нақл кунед, шарикони эҳтимолии нав пайдо кунед, кормандонро киро кунед ва сатҳи дониши худро дар бораи фаъолият дар соҳаи тиҷорат баланд бардоред.

Бинобар ин, чунин фурсати хубро аз даст надиҳеду ба Анҷумани дуюми тарабхонадорон ва тоҷирон биёед, чунки маҳз дар ин ҷо шумо ба саволҳои муҳимтарини худ посух хоҳед гирифт, тарзи фаъолият дар соҳаи тарабхонадориро меомӯзед ва албатта, аз миёни тоҷирони муваффақ шиносҳои нав пайдо мекунед.

Санҷар Мақсудов, президенти Гилдияи рестораторҳо аз Узбекистон, Вугар Худиев, роҳбари 27 тарабхонаи бузург аз Озорбойҷон, Тоҷиддин Ҷалолов, роҳбари қисми оилавии тарабхонаи маъруфи “Яккасарой” аз Тоҷикистон, Владимир Сидоров, асосгузор ва Президенти ширкати «Перформия» аз Русия сухангӯёни маъруфи чорабинӣ хоҳанд буд. Онҳо дар бораи маркетинг, идораи коргарон, фурӯш, сатҳи хизматрасонӣ ва қисмати молиявии тиҷорат аз таҷрибаи худ суҳбат хоҳанд кард.

Хотиррасон мекунем, ки Форуми якум 21 декабри соли 2021 бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки вазири мӯҳтарам Шералӣ Кабир дар меҳмонхонаи “Ҳаятт Риҷенси Душанбе” баргузор гардида буд. Дар Форум 450 ресторатор аз Душанбе ва Хуҷанд ширкат варзида, 8 нафар ноттиқонони номдор аз Тоҷикистон, Италия, Сербия, Озарбойҷон ва Узбекистан таҷрибаи кори худро нақл карда буданд.

Акнун Форуми имсола, на танҳо барои онҳоест, ки тарабхона доранд, балки барои онҳое ҳам, ки ба тарабхона мераванду ҳаводори чунин маконанд, муфид хоҳад буд. Пас, биёву иштирокчии фаъоли Форум шав!

Иштирок дар чорабинӣ тариқи даъватнома ва чипта сурат мегирад. Ворид шудан ба толор барои донишҷӯён ройгон аст (бо пешниҳоди билети донишҷӯӣ).

Чорабинӣ, рӯзи 11.06.2023, аз соати 10:00 то 18:00 дар Кохи Суруш доир мегардад. Телефон барои тамос: 939993009, 888007800. Иттилои бештар дар саҳифаҳои иҷтимоии Форум дар Инстаграм ва Фейсбук.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД