Рӯзноманигорон барои саҳмашон дар рушди саводнокии молиявӣ қадрдонӣ шуданд
01.04.2026
Oila.tj
643

Дирӯз, 31-уми март бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар меҳмонхонаи Hyatt Regencyи пойтахт маросими қадрдонии ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии маводи журналистӣ «Иқтисод ва саводнокии молиявӣ: забоне, ки ба ҳама фаҳмост» баргузор гардид. Озмун аз ҷониби Эътилофи миллии бонувони рӯзноманигори Тоҷикистон бо дастгирии Freedom Bank Tajikistan гузаронида шуда, ҳадафи лоиҳа — рушди саводнокии молиявии аҳолӣ тавассути маводҳои журналистии босифат ва дастрас, инчунин ташаккули муҳити расонаие мебошад, ки дар он мавзӯъҳои мураккаби молиявӣ барои омма фаҳмо мегарданд.

Дар озмун рӯзноманигорон аз тамоми кишвар — намояндагони нашрияҳои чопӣ, онлайнӣ ва телевизион иштирок намуданд. Маводҳои онҳо ба масъалаҳои молияи шахсӣ, хизматрасониҳои рақамии бонкӣ, соҳибкорӣ, ҳифз аз қаллобии молиявӣ ва нақши бонкҳо дар рақамикунонии иқтисод бахшида шуданд.

Ба гуфтаи Раисаи Эътилоф Гулнора Амиршоева, озмун ба майдони муҳими муколамаи касбӣ табдил ёфт ва нақши муҳимми журналистикаро дар боло бурдани сатҳи огоҳии молиявии ҷомеа тасдиқ намуд: «Имрӯз иқтисод ба ҳар як оила таъсир мерасонад. Саводнокии молиявӣ мавзӯи маҳдуди коршиносон нест, балки масъалаи устувории ҷомеа мебошад. Журналистика кӯмак мекунад, ки равандҳои мураккаби иқтисодӣ барои мардум фаҳмо гарданд. Мо ба ҳамаи иштирокчиён барои сатҳи баланди касбии маводҳо миннатдорем».

1_30

Сарпарасти озмун Freedom Bank Tajikistan ҳамчун шарики стратегӣ, ин ташаббусро дастгирӣ намуд. Раиси Раёсати бонк Даурен Нисинбаев таъкид намуд, ки дастгирии чунин лоиҳаҳо яке аз ҷузъҳои муҳими бонк мебошад: «Саводнокии молиявӣ имрӯз яке аз омилҳои калидии рушди устувор мебошад. Бо дастгирии рӯзноманигории иқтисодӣ, мо ба рушди фарҳанги қабули қарорҳои молиявӣ ва баланд бардоштани эътимод ба низоми молиявӣ кумак мекунем. Барои мо ин ташаббуси якдафъаина нест, ин сармоягузории дарозмуддат ба дониш, шаффофият ва ояндаи устувори кишвар мебошад».

2_59

Ғолибони озмун дар чор номинатсия муайян гардиданд. Дар ҳар яке аз онҳо ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм муайян карда шуданд. Ғолибон бо дипломҳо ва ҷоизаҳои пулӣ ба маблағи мутаносибан 12 000, 7 000 ва 3 500 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

3_55

Ғолибон дар номинатсияи «Беҳтарин мақолаи таҳлилӣ»:

Ҷойи аввал — рӯзноманигори Медиагурӯҳи «Азия-Плюс» Пайрав Чоршанбиев барои маводи таҳлилии «Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон қарз гирифта аз он пушаймон нашавем?».

Ҷойи дуюм — рӯзноманигори мустақил Лилия Гайсина барои мақолаи «Ҳазорон занони тоҷик аз ҳунари дастӣ даромад меёбанд. Аммо табдил додани он ба бизнеси устувор ҳанӯз ҳам мушкил аст».

Ҷойи сеюм — рӯзноманигори Медиакомпанияи «Вечёрка» Нилуфар Усманова барои маводи таҳлилии «Пул, эътимод ва интизоми рақамӣ. Чӣ гуна саводнокии молиявӣ ва бонкҳо сифати зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир медиҳанд».

Ғолибон дар номинатсияи «Беҳтарин маводи мултимедиявӣ»:

Ҷойи аввал — рӯзноманигори Медиагурӯҳи «Азия-Плюс» Меҳрофарин Наҷибӣ барои маводи «Бо як занги телефон $2 ҳазорро гирифтанд. Чӣ тавр қаллобон суратҳисоби сокинони Тоҷикистонро ғорат мекунанд?».

Ҷойи дуюм — рӯзноманигори мустақил Ниссо Расулова барои маводи «На танҳо маош: чӣ гуна банақшагирии молиявӣ ба устувории оила таъсир мерасонад».

Ҷойи сеюм — рӯзноманигори мустақил Карина Олимова барои лонгриди мултимедиявии «Бо як ламс: чаро Тоҷикистон гузариш ба пардохтҳои ғайринақдиро суръат мебахшад».

Ғолибон дар номинатсияи «Беҳтарин видеорепортаж»:

Ҷойи аввал — рӯзноманигори ТВ «Сафина» Фурқати Низом барои филми «Лаборатория: Қаллобии интернетӣ ва амнияти кортҳо».

Ҷойи дуюм — рӯзноманигори шабакаи телевизионии «7 Ситора» Ӯғулой Раҷабова барои видеорепортажи «Саводнокии молиявӣ танҳо рақам нест, балки роҳи расидан ба орзуҳост».

Ҷойи сеюм — рӯзноманигор ва продюсери ТВ «Ҷаҳоннамо» Саидахон Раҳимова барои видеорепортажи «Қаллобӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ».

Ғолибон дар номинатсияи «Беҳтарин мусоҳиба»:

Ҷойи аввал — рӯзноманигор ва сармуҳаррири портали «Фараҳ» Ниёзов Хуршед барои мусоҳибаи «Иқтисод ва саводи молиявӣ. Забоне, ки ҳама мефаҳманд».

Ҷойи дуюм — рӯзноманигори НИАТ «Ховар» Лайло Қосимова барои мусоҳибаи «Домҳои рақамӣ ва ҳилаҳои равонӣ: чӣ гуна аз нақшаҳои моҳиронаи қаллобон эмин мондан мумкин аст?».

Ҷойи сеюм — муҳаррири сомонаи Dialog.tj Кристина Бородавко барои мусоҳибаи «Пул ҳисобро дӯст медорад: коршинос дар бораи он, ки чӣ гуна зан дар Тоҷикистон бояд буҷети оиларо дуруст идора намояд».

4_47

Бо Мукофоти махсуси Freedom Bank Tajikistan Фируза Сатторӣ барои подкасти «Сармоя: Қадам ба қадам чӣ гуна бо ипотека хона харидан мумкин аст?», ки дар расонаҳои холдинги «Оила» нашр шудааст, сарфароз гардид. Журналистка бо мукофоти пулӣ ба маблағи 15 000 сомонӣ қадрдонӣ шуд.

5_31

Созмондиҳандагон ба ҳайати ҳакамон, шарикон ба ҳамаи рӯзноманигорон, ки ҳамарӯза барои дақиқ, дастрас ва фаҳмо будани иттилооти иқтисодӣ талош мекунанд, изҳори сипос намуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД