Неъматулло ва Муборак ду сол боз бо ҳам оиладоранд ва имрӯз соҳиби духтарчаи зебое мебошад бо номи Азиза, ки яку ним сол дорад.
Ин зану шавҳар ҳарду ҳам маъюби гуруҳи 1 – уманд.
Неъматулло ҳарчанд соҳибкасб асту ду ихтисос дорад, аммо бо сабаби надоштани аробачаи маъюбӣ дар ҷое кор карда наметавонад. Итисоси аввали ӯ рӯзноманигорист. Баъди хатми Донишкадаи санъат ҳуҷҷатҳояшро бба касби барномасозӣ супорид ва имрӯз соҳиби ду диплом аст. “Муаммои асосии оилаи мо набудани аробачаи маюбиест, ки таввассути барқ кор кунад. Агар аробача медоштам, худам кор мекардаму дастнигари касе намешудам. Ақаллан метавонистам аз рӯи касб хабару мақола нависам, ё баромаҳои радиову телевизионро танзим карда, маош гирам, вале ...”, - гуфт ӯ зимни суҳбат.
Неъматулло зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода аст. Аз рӯи нақлаш, пештар дар деҳа зиндагӣ мекард, вале азбаски барояш зиндагӣ дар ҳавлӣ душвор буд, ба маркази шаҳр кӯчид. “Пештар душвор бошад ҳам, кам - кам роҳ мегаштам. Баъдан вазъи саломатиам бад шуд. Табибон ташхис карда, тавсия додаанд, ки дар як сол бояд ду бор аз муолиҷаи тиббӣ гузарам. Ин барои дар мувозинат нигоҳ доштани саломатиам даркор буд. Аммо аз сабабе ки барои муолиҷа маблағ наёфтам, маъюби рӯйи ҷойгаҳ шудам. Ҳамроҳ бо ҳамсарам ҳамагӣ 360 сомонӣ нафақа мегирем. Ин ба чӣ мерасад? Як бор ба нарху навои бозор нигаред.
Ду сол шуд, ки аз хона намебароям. Баъзе вақтҳо духтарчаам касал мешавад, лекин ақаллан барои дорухарӣ рафта наметавонам. Шароити оилавиамон хеле вазнин аст. Шукр, ки хушдоманам кӯмак мекунаду баъзан хӯроквориамонро оварда меистад. Набошад, намедонам ҳоламон чӣ мешавад”.
Неъматулло пештар олим буд, аммо қисмат ӯро маъюб кард. Ӯ имрӯз бо сабаби надоштани аробачаи маъюбӣ ба берун намебарояд. Маҳз ин мушкилӣ боиси паст шудани шароити зиндагӣ ва вазъи саломатиаш гаштааст. Ӯ умедвор аст, ки бо мадади Худованд сиҳат мешаваду дутарчаи ягонаашро тӯй мекунад. Маҳз ҳамин орзу дили Неъматуллоро ба ҳаёт гарм мекунад.
Норхолой ТУЛЛАЕВА,
хабарнигор аз н. Шаҳринав