Sebiston new 2024 october
Рӯзи тӯйи шавҳарам девона шудам
06.11.2022
ОИЛА
2075


Салом азизон. Мехоҳам аз зиндагии худ бароятон қисса кунам.
Ман замоне духтари зебову беғам будам. Марди оиладоре ошиқам шуд.

Ҳарчанд волидонам зидди издивоҷи мо буданд, вале ба гапи онҳо гӯш надода, розигӣ додам. Ин мардмароботӯютамошозани худ карда, хона харид. Зиндагиам шоҳона мегузашт. Рӯзе зани якуми шавҳарам бо дидаи гирён ба хонаам омада гуфт, ки “эй духтари нодон, ту ҳоло ҷавону зебоӣ, шавҳари ман туро чун шоҳдухтар медонад, мисли ман, ки пиру касалӣ шудӣ, дигар умеди меҳрубониро аз ӯ бикан”. Ман он вақт зани шавҳарамро таҳқир карда, гуфта будам, ки “ман зебояму ҷавон ва шавҳарат дар ҳақам девона аст”. Зан гирён аз хонаи ман рафт. Баъди 14 соли оиладорӣ шавҳарам боз зан гирифт, маъракаи калон ороста, духтари 22- солаеро ба никоҳи худ даровард. Чӣ қадар сӯхтаму сӯхтам, фақат худам медонам. Ин сӯзишро 14 сол қабл зани якуми шавҳарам дарк карда буд. Акнун дуои ӯ мустаҷоб шуду ман ин дардро дар вуҷуди худам эҳсос кардам. Хеле дарднок буд, бовар кунед, рӯзи тӯйи шавҳарам қариб худкушӣмекардам, аммо боз хотири фарзандонам худро ба даст гирифтам. Шабҳо то саҳар дар бистари сарду холӣ мепечаму мегирям, аз рашк девона мешавам.
Русҳо мегӯянд, ки зиндагӣ буқаламун (бумеранг) аст. Ҳар бадие содир кардӣ, ба худат бармегардад. Афсӯс ман инро хеле дер дарк намудам...
Ш

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД