Arzon march 2024
Рӯзи сиёҳи Одина
15.05.2020
Р.Холов.
4313

 

Чаро амма оча шуд?

Ман ҳанӯз чормоҳа будам, ки падару модарам бо баҳонаи ситораҳояшон мувофиқ наомадан аз ҳамдигар ҷудо шудаанд. Гапашон мегурезаду падарам сари қаҳр модарамро бо ду фарзанд аз хона пеш мекунад. Модарам гирёну нолон ба хонаи падараш меояд. Бобою бибии беандешаам ба ҷойи духтарашонро насиҳат карда ба хонаи шавҳараш бозпас фиристодан дар бадали чанд рӯз модарамро ба марди дигаре ба занӣ медиҳанд. Шавҳари нави модарам какандор будан намехост, аз ҳамин хотир бобоям маро бурда ба хонаи волидони падарам мепартояд. Падарам, ки он вақтҳо ҷавон ва саргарми ҳавасҳои худаш будааст, роҳи осон ҷуста мехоҳад маро ба сағерахона супорад, вале дили бобою бибиям намешавад. Мӯйсафедон маро ба духтарашон, ки дар ноҳияи Турсунзода зиндагӣ мекард, медиҳанд, то қатори се духтараш парасторӣ намояд. Ҳамин тавр мани хурдсол дар тарбияи амаам ба камол расидам. Гумон доштам, ки падару модари асосиам ҳаминҳоянд, аз ҳамин сабаб амаамро очаю язнаамро дада ва духтарҳояшонро апа мегуфтам.

Дар қатори сағераҳо

Дар он замон давлати Шӯравӣ нисбати ятимон ниҳоят ғамхор буд ва ҳар сол ба мактаббачаҳои бепадару бемодар либос медоданд. Дар қатори сағераҳо ба ман низ сару либос дода, муаллимон бораҳмона сарамро сила мекарданд. Қаҳрам меомад ва «ман сағера нестам-ку?!» гӯён, ситеза менамудам, вале муаллимон бо ягон баҳона ҳатман либосро ба ман мепӯшонданд. Аксар вақт гирякунон назди «очам» меомадам ва зорӣ мекардам, ки дигар ба ман либос дода, ба қатори сағераҳо дохил накунанд, вале «дадат фаҳмад, ҳардумона мекушад» гӯён, намегузошт садо баланд кунам. «Модарам» сарамро сила карда, барои маро ором кардан «аз сабаби камбизоат буданамон ба ту сарулибос медиҳанд» мегуфту мани сода ба гапаш бовар мекардам.

Рӯзи сиёҳи Одина

Бисёр вақт ҳамсояҳоямон «Одина» гуфта, маро масхара мекарданд. Ранҷида дод мезадам: «Ман Одина ном надорам!» Даст афшонда мегуфтанд: «Медонем, ки Одина ном надорӣ, вале ҳаётат мисли зиндагии Одина аст!» Кӣ будани Одинаро донистан мехостам, вале касе аниқ намефаҳмонд, ки Одина худаш кист ва чаро ҳаёти ман ба зиндагии вай монанд будааст. Рӯзе молҳоро ба кӯҳ ба чарогоҳ бурдаму кӣ будани Одина ва чӣ гуна иртибот доштани зиндагиашро ба ҳаётам фаҳмидам. Фасли баҳор буд. Баррачаҳои ширмаст ҷастухезкунон ба ҳар тараф давида мани 12-соларо хуни ҷигар мекарданд. Хашмгин шуда сангеро ба сӯяшон ҳаво додам. Бадбахтона санг ба пойи баррачаи аз ҳама зебо расид ва ҷонвари безабон маосзанон ба замин афтод. Зуд давида наздаш рафтам ва дидам, ки пояш шикастааст. Қариб ҷон аз дасту поям баромада буд. «Дадам бинад, мана мекушад» гуфта, зор-зор гиристам, вале кори ношуданӣ аллакай шуда буд ва дигар роҳи ислоҳ надошт. Вақте ки сар аз гиря бардоштам, аллакай қариб шом шуда буд. Дидам, ки ҳамсоя молҳои бесаробон монда ба боғ даромадаи маро дашномдеҳон пешандоз карда меорад. Саросема оби чашмамро бо остин пок кардам. Ҳамсоямард шояд ба баногӯшам ду-се шаппотӣ заданӣ буд, вале чашмони аз гиря варамкардаамро дида раҳмаш омаду гуфт:

- Ҳа Одинаи сарсахт, хобат бурд ки молҳо бесоҳиб монданд?!

Аз нарм гап задани ҳамсоя ба риққат омада баландтар гиристам ва гирён-гирён шикастани пойи баррачаро нақл кардам. Ҳамсоя аҳволи баррачаро дида, маро сарзанишкунон таъкид намуд, ки Шарифи золим (падар-язнаам) ҷазоямро медиҳад. Зорӣ кардам, ки ягон илоҷ ёбад. Раҳмаш омаду ба хонааш рафта тахтача ва докаи сафеде оварду пойи шикастаи баррачаро гаҷбандӣ кард.

Ба ҷои алаф баррачаро ба хар бор карда ҷониби хона равон шудам. Рамаи гӯсфандон ва ду гови ҷӯшоӣ аз пасам меомаданд. Аз дарвоза даромадан баробар чашми дада-язнаам, ки ҳезум мешикаст ба баррачаи пойшикаста афтид ва табарро сӯям ҳаво дод. Худро қафо кашидам, табар ба банди поям расид ва хун фавворазанон шорид. Язнаам ба ин ҳам қонеъ нашуда маро зери мушту лагад гирифт, агар аммам худашро болоям партофта, ҷонамро намераҳонд, аниқ ҳамон рӯз дар зери шаттаи язна мемурдам. Доду войи «очам» ҳамсояҳоро ба ташвиш оварду ба имдод шитофтанд. Як ҳамсояамон, ки духтур буд, ҳоламро дида, дарҳол аз хонааш дорувор овард ва ҷароҳатамро бо докаю кимчихел малҳам басту сӯзандору гузаронд. Мардҳо дадаамро, ки «сағера ба ҷое мерасаду сағерапарвар не» гӯён, ҳамоно доду фиғон мекард, кашолакунон масҷид бурданду мани сарсахтро аз таъсири дору буд ё аз шиддати рафтани хун хоб бурд, аниқтараш аз ҳуш рафтам, чунки дигар чӣ шуд, намедонам.

Ҳақиқати талх

Бача, ки будам поям тез шифо ёфту дарду аламро фаромӯш кардам, вале падарам ҳанӯз маро бахшида наметавонист. Ба чашмаш намоён шавам, дарҳол дашном медод. Гумон доштам, ки аз шикастани пойи баррача ғамгин аст, чунки худам ҳам баррачаи пошикастаро дида ҷигархун мешудам. Рӯзе баррачаро хабар гирифта баромадаму чашмам ба дарахти себ афтид. Себҳои сурхро дида дилам гум зад ва чанг зада аз шохи дарахт себеро кандам. Нав себро газида будам, ки мисли балои осмонӣ дадаам аз куҷое пайдо шуда дод зад:

-Дар қабри чӯби падару модарат фалон кунам, дилат себ кашид?! Барои сабзонидани ин себ миёни очат дард накардааст, сағераи падарлаънат…

Вай дашномдеҳон сангеро сӯям ҳаво дод. Дигар чӣ шуд, намедонам, вақте ки чашмонамро кушодам дар беморхона будам. Духтурҳо гуфтанд, ки санг сарамро шикофта, майнаи сарам аз зарбаи сахт осеб дидааст. Бибиам, ки дар ноҳияи Ваҳдат зиндагӣ мекард, ба аёдатам омад ва дар сари болинам нишаста, ҳафт пушти падарамро ҳақоратдеҳон гуфт:

- Эҳ набераи сарсахтам, лаънат ба падару модарат, ки туро ба дасти ин золим дода ба ин рӯзҳо гирифтор карданд!

Ман, ки акнун қадрас будаму ақлам каме ба сарам зада буд, пурсидам:

-Бибиҷон, барои чӣ ин гапҳоро мегӯед? Магар очаву додои ман ҳаминҳо нестанд?

Бибиам оби чашмонашро пок карда гуфт:

- Зане, ки оча мегӯӣ, аммаату марде, ки дада мегӯӣ, язнаат мешавад. Дадаи асосиат ҳамон мардаки дандонтиллоест, ки доим бо «Волга» ба хонаатон омада туро хабар мегирад. Падару модарат замони кӯдакиат аз ҳамдигар ҷудо шуда буданд. Модарат тую акаатро партофта рафту мо ночор туро ба амаат додем. Ин гапро шунида ҳуш аз сарам парид.

Дар ҷустуҷӯи падар

Падару модари аслиам нею аммаю язнаам будани парвардагонамро шунида, дигар майли ба хонаашон бозгаштан накардам. Аз беморхона баромада ба Душанбе омадам ва падарамро ҷуста ёфтам. Падарам, ки баъди модарам боз чор зани дигар гирифта будааст, аз дидорам чандон хурсанд нашуд, вале ба пеш кардан ҳам рӯяш нашуд.

 

Дур аз Ватан

Дар хонаи падар рӯзам аз рӯзи ятимон ҳам бадтар буд, фарзандонаш, занаш ва худи падарам як бурда нони мехӯрдаамро дар баданам заҳр мекарданд. Дар хонаи падари аслиам аҳволам аз ҳоли дар манзили аммаю язна доштаам бадтар буд, вале ҷуз тоқат кардан чора надоштам. Бо азоб мактаби миёнаро хатм намуда, мисли бародарам рӯ ба муҳоҷират овардам. Дур аз Ватан аксар вақт фикр мекардам, ки агар ману бародарам лозим набудем, барои чӣ падару модарам моро ба дунё оварда, зиндаятиму хору зор карданд. Модари аслии ман кист ва ҳоло дар куҷо бошад? Ягон бор модарамро аз наздик медида бошам ё не? Чаро модар мегӯяму ҳамеша танҳо симои амаам пеши назарам меояд? Саволҳои беҷавоб дар майнам шабу рӯз чарх зада, нафратамро ба падару модари фарзандбезорам меафзуданд. Аксар вақт ашкрезии маро ҳамкоронам медиданд, баъзеяшон дилбардорӣ мекарданду баъзеи дигар ба ҳолам механдиданд.

Ғурури мардонаи амак

Дар хонаи падарам ҳамеша либосҳоямро худам мешустам. Рӯзе саргарми либосшӯӣ будам, ки амакам аз дар даромад. Ҳоламро дида фиғонаш баромад ва падарамро дашномдеҳон қасам хӯрд, ки маро дар байни як моҳ зан медиҳад, то дигар чунин хору зор нашавам. Амакам ба қавлаш вафо намуда, маро бо ятимдухтаре хонадор кард. Бахтам омад кард, ҳамсарам духтараки покдомону боақлу бофаросату меҳрубон баромад.

Дидори модар

Рӯзе ҳамроҳи занам дар ҳафтаномаи «Оила» қиссаеро бо унвони «Хоҳарамро гирифтам» хондему ҳамсарам «мардак, мабодо мо ҳам хоҳару бародар набошем» гуфта, маҷбурам кард, ки модарамро ёбам. Нишонии модарамро гирифта ба хонааш рафтам. Гумон доштам, ки модарам умре дар орзуи дидорам ашк рехтаасту маро дида хурсанд мешавад, вале хаёлам хом баромад. Модаре, ки маро ба дунё оварда буд, танҳо аз рӯи дил меҳрубониам карда бо дигар фарзандонаш шиносонд. Нӯҳ бача доштааст модарам аз шавҳари дуюмаш ва аз гуфтору рафтораш аён буд, ки дигар барои ман дар дилаш ҷой намондааст. Очакобиам ба ҷойи бахт овардан маро бадбахттар кард, дастовез гирифта назди модарам рафтанамро шунида падарам маро чунон дашномҳое дод, ки такрор кунам, мӯйи танатон виҷирос мезанад.

Даъвои падар

Ба ҳама ранҷу азоб тоқат карда, соҳиби се фарзанд шудам. Ягона ғамгусорам дар зиндагӣ ҳамсари бовафоям гашту халос, дигар касе напурсид, ки чӣ ҳол дорам. Падарам ба зиндагонии тинҷи имрӯзаам халал намерасонд, шояд қалам ба даст гирифта азобҳои тӯли ин солҳо пушти сар кардаамро рӯйи авроқи сафед намеовардам, вале рафтори ин мӯйсафеди бачабезор маро ҷигархун намуда, ба навиштан водор сохт. Падари 74-солаам ҳар рӯз ба хонаамон омада ману занамро чунон дашномҳое медиҳад, ки шунаванда гиребон медорад. Дирӯз ҳам омада моро ҳақоратборон кард ва сипас гуфт:

-Гӯш кун, сағераи ҳаромӣ, ман дар вақташ тӯйи суннатиатро гузаронида будам ва акнун аз туи курнамак пулҳои сарф кардаамро талаб мекунам. Ҳисоб кардам, пули ҳамон вақт сарфкардаам 12000 доллар мешудааст. Сағера, ба нағзӣ пулро ба ман медеҳӣ, вагарна туро дар кунҷи зиндон ҷой мекунаму занатро зани мардум мегардонам! Пул надошта бошӣ, заната бароварда медиҳӣ, номард!

Ману занам аз гапҳои подарҳавои ин мӯйсафеди номи падарӣ дошта, ки аслан ба ман падарӣ накардааст, саргаранг шуда мондем. Хостем ба хубӣ масъаларо ҳал кунем, вале мӯйсафед моро ҳатто шунидан нахост. Ҳамсарам аз дашному ҳақоратҳои болохонадор ва талаби беақлонаи падарам ба ҷон расида ба ман маслиҳат дод, ки дарди диламро ба «Оила» нависам, шояд баъди нашри сарнавиштам падар, модар, амма ва язнаам аз кардаашон пушаймон шаванд…

Зафари сағераи падару модардор

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД