arzon replenishment
Рӯзи сешанбе либосшӯӣ кардан убол аст?
18.05.2025
Oila.tj
366

Шустушӯи сарулибос дар кадом рӯзи ҳафта мумкин аст, дар кадом рӯзҳо бошад, мамнуъ? Дар ин маврид баҳсҳои зиёд мешавад ва ҳар кас сухани худро ҳақиқат мешуморад. Барои мисол хушдомани ман мегӯяд, ки рӯзи сешанбе шустушӯ кардан гуноҳ аст.

ЗАРРИНА, шаҳри Ҳисор

Посухи домулло Хомӯшӣ:

- Хоҳари азиз, шустушў кардан дар рўзи сешанбе ҳеҷ монеъе надорад, зеро назофату покӣ аз ҷумлаи талаботи ҳатмии шариат аст ва вақти муайян надорад. Дар давоми ҳафта ҳар гоҳе ки лозим шуд, як бор шустани сару тан бар ҳар фарди мусулмон лозим аст, анҷом додани ин амал дар рўзи ҷумъа беҳтар аст.

Дар асл тозагӣ ва покӣ яке аз ҳадафҳои асосии шариъати ислом мебошад. Нохун гирифтан, риш тарошидан ва умуман тозагӣ кардан рӯз ва вақту соати муайян надорад. Дӯхтан ва покиза кардани бадан ва хонаву дари худ дар ҳама ҳолат раво аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД