Sebiston new 2024 october
ДИЛБАРИ ҶИНЗАДА
17.10.2020
Дилошӯб
4627

 

  Думгирифта

Мавҷигул дар оилаи калони даҳнафараи амаки Нор духтари панҷум буд. Мӯйсафеди Нор ҳамроҳи занаш, холаи Шакармоҳ аз саҳар то шом дар саҳро кор мекарданд, то фарзандонашонро хӯронанду пӯшонанд. Азбаски писарҳо хурд буданд, волидайн духтаронашонро як- як ба шавҳар дода ба хонаи бахташон гусел мекарданд. Дар байни фарзандони ин оила танҳо Мавҷигули қайсар ба гапи падару модараш гӯш накарда, думи муаллими Маҷидро гирифта рафт. Он замонҳо бе тӯю тамошо аз паси ҷавоне рафтани духтар шармандагӣ ҳисоб мешуд ва натанҳо падару модар, балки тамоми хешу ақрабо ва аҳли авлодашро бадном мекард. Шумхабари «дум гирифтани Мавҷигул» дар як дам натанҳо дар саросари деҳа, балки дар тамоми ноҳия паҳн гашта, сари мӯйсафеди падараш ба замин зад. Амаки Нор дар сари қаҳру ғазаб «Ман аз ин пас Мавҷигул ном духтар надорам. Духтари ман мурдааст» гӯён, духтари аз ишқ ақлбохтаашро «оқ» кард.

Бахти нопойдор

Мавҷигул дигар ёди хонаи падар накарда ҳамроҳи ҳамсари ҷавону зебояш зиндагиро дар хонаи алоҳида дар маркази вилоят оғоз намуд, зеро волидони шавҳараш келини думгирифтаро ба хона роҳ надоданд. Зиндагии оилаи ҷавон ширин буд, Маҷид ду баст дар мактаб кор карда маоши хуб мегирифт ва намегузошт, ки зани эркааш қадамашро дар замин сахттар гузорад. Дар тӯли чор соли ҳамзистӣ Мавҷигул ба шавҳараш ду духтару як писараки зебо ҳадя намуда, сари муаллими ҷавонро ба осмон расонд. Акнун ҳаққу ҳамсояҳо ба зиндагии хушбахтонаи ин оилаи тифоқ бо ҳавас менигаристанд, вале…

Рӯймоли бевагӣ

Дуои бади волидонаш Мавҷигулро гирифт ё тақдири Худовандӣ ҳамин буд, ки як бегоҳ шавҳари меҳрубонаш Маҷид ҳангоми аз кор баргаштан зери мошини ронандаи бадмасте монда, дар ҷойи ҳодиса ҷони ҷавонашро ба ҷонофарин супурд. Баъди марги ҳамсараш бори гарони зиндагӣ бар дӯши нозуки Мавҷигули эрка бор шуд. Ҷавонзан дар миёни чорсӯйи зиндагӣ танҳо монда, роҳи ёфтани пули муфтро меҷуст. Фикр карда, фикр карда, ниҳоят вай роҳи осони пеш бурдани ҳаёти худу бачаҳояшро ёфт. Дар он замонҳо ёфтани либосу палоси қиматбаҳо кори осон набуд ва Мавҷигул аз шавҳари апааш, ки сардори базаи савдо буд, ин гуна молҳоро мегирифту дар ба дари хонаи мардум гашта, борашро бо нархи қимат мефурӯхт. Духтаронаш калонак ва дастёри беминнат шуда буданду ба ӯ ёрӣ расонда, вазелин, ҷӯроб, рӯймол барин майдачӯйдаҳоро мефурӯхтанд. Мардум барои савдогариаш ба ӯ лақаби «Беваи Мавҷаки ҳаннот»-ро монданд, вале ҷавонзанро парвои ғайбати ҳамсояҳо набуд, муҳимаш пул ёбаду ятимаконашро калон кунад.

Биё, оштӣ шавем додар!

Дар ин миён падараш вафот кард. Додари калонияш баъди додани сари соли падар зан гирифт ва ана ҳамин келин, ки Гулзор ном дошт, Мавҷиро бо додаронашу кампири модараш оштӣ доронд. Мавҷӣ акнун роҳи зиндагиро ёфта буд ва аз чизе камӣ надошту ба модару бародаронаш низ ёрӣ мерасонд. Оҳиста-оҳиста вай зани додарашро низ ба худ шарик гирифта, тарзи бизнесро ёд дод. Онҳо якҷоя савдогарӣ мекарданд ва дугонаҳои ҷонӣ буданд, модари пираш бошад, рӯзҳову ҳафтаҳо дар хонаи духтари пулёбаш истода, фарзандони Мавҷиро нигоҳубин мекард. Тинҷу осуда буд ҳаёти ин зани тоҷир, вале….

     Бахт аз бадбахтӣ

Ҷанги шаҳрвандӣ сар шуду Мавҷӣ низ қатори ҳазорон хонаводаҳои дигар бо додару хоҳаронаш гуреза шуда, ба зодгоҳи янгааш Гулзор рафтанд. Амакҳои янгааш аз қумондонҳои машҳур маҳсуб меёфтанду касе ба онҳо кордор намешуд. Духтарони Мавҷӣ аллакай 15-16 сола шуда буданд. Гулзор рӯзе хоҳаршӯяшро ба кунҷе кашида гуфт:

-Апа, писари аммаам, ки ҷавонмарди сарватманду доранда аст, зани дуюм гирифтан мехоҳад, чунки чордаҳ сол боз бефарзанд аст, агар розӣ шавӣ, духтари калоният Дилбарро ба ӯ медиҳем. Аҳтамшоҳ ваъда дод, ки ҳамаи шуморо гул барин нигоҳубин мекунад ва барои ман ҳам дар пойтахт хона мехарад, агар хостгорияш барор гирад.

Мавҷӣ ба фикр фурӯ рафт. Оташи ҷанги шаҳрвандӣ нав хомӯш гашта, хонаву дари онҳо вайрону валангор буд. Писараш ҳанӯз хурд буд ва қудрати аз нав таъмир кардани хонаву пеш бурдани зиндагиро надошт. Мавҷӣ андеша кард, ки роҳи ягона ба сомон даровардани ҳаёт қабул кардани пешниҳоди Гулзор аст ва розигӣ дод.

Ҳамин тавр Аҳтамшоҳи лоғару рангзард Дилбари аз худаш бист сол хурдро ба занӣ гирифт ва ба қавлаш вафо намуда, зиндагии хушдоманашро ба куллӣ дигаргун намуд. Домоди пираш барои Мавҷӣ дар пойтахт ҳавлии зебое харид ва хонаҳои дар деҳа будаашро низ аз нав таъмиру тармим карда, тамоми аҳлу авлоди занашро дар корхонааш ба кор гирифт. Акнун беваи Мавҷакро мардум бо эҳтиром «Бибӣ Мавҷигул» мегуфтанду дар назди духтари бойзан шудааш Дилбари вазилинфурӯшак чорқад шуда салом медоданд.

           Падари хушбахт

Дилбар барои шавҳари дар ҳасрати писар сӯхтааш бача зоида сари Аҳтамшоҳро ба осмон расонд. Падари хушбахт акнун модари писарашро рӯ-рӯи даст бардошта мегашт. Бо хоҳиши Дилбар Аҳтамшоҳ барои хоҳараш Дилноз хона харид ва хонаи хушдоманашро аз нав сохта ба қасри афсонавӣ табдил дод. Дилбар акнун шоҳдухтар барин зиндагӣ мекард ва ҳар як амру хоҳиши вай барои шавҳари сарватмандаш қонун буд. Онҳо дар маркази пойтахт хонаҳои барҳаво дошта бошанд ҳам, дили Дилбар майли ҳавои тоза намуда, аз шавҳараш хоҳиш кард, ки дар деҳа барояш хонаи қасрмонанде созад, ки мислашро касе надошта бошад. Аҳтамшоҳ, ки соҳиби чандин мағозаҳои калони тиҷоратӣ буд, бо ҷону дил аз паси иҷро намудани ин хоҳиши зани эркааш шуд ва дар як деҳаи кӯҳистони хушманзара қасри боҳашамате сохт. Мардуми деҳа шӯхикунон хонаи сохтаи Аҳтамшоҳро Тоҷмаҳал меномиданд. Дилбар дар хонаҳои барҳавои шаҳрӣ зиндагӣ кунад ҳам, бесаброна ба анҷом расидани корҳои сотмониро интизорӣ мекашид, то ба қасри афсонавиаш кӯчад, аммо ин кушки орзуҳо ба ӯ бахт наовард.

             Қасри ҷиндор

Ниҳоят сохтмон ба анҷом расиду Дилбар як моҳи дароз аз пойтахт таҷҳизоти навбаромади хориҷӣ харида ба деҳа фиристод, то қасрро ба бурёкӯбон тайёр кунанд. Вақте омодагиҳо ба анҷом расиданд, бойзани эрка ҳамроҳи хешу табораш ба қасри худ равон шуд. Дилбар баробари аз дар даромадан «эҳ, монда шудам» гӯён, худро рӯи нармкурсӣ партофт. Мехост каме дароз кашад, вале якбора касе гулӯяшро хафа кардагӣ барин нафасаш гирифта каб-кабуд шуд. Мавҷигул аҳволи духтарашро дида доду фиғонкашон ба рӯю мӯйканӣ даромад. Дар як дам болои сари Дилбар пури одам шуд. Яке дастонашро мемолид, дигарӣ шамол медод, вале бефоида, чашмони ҷавонзан аз сараш зада баромада буданду аз даҳонаш кафки сафед мерехт. Додаршӯяш ӯро болои дастонаш бардошта ба берун баровард. Дилбар пас аз чанд лаҳза ба худ омада гуфт, ки махлуқи сиёҳе гулӯяшро бӯғӣ карда ӯро куштанӣ буд.

Инак, чанд сол мешавад, ки ҳамин авҳол давом дорад, на фолбин монду на табибу на мулло, вале касе давои қасри ҷиндорро ёфта наметавонад. Одамони дигар дароянд, ҳеҷ воқеае намешавад, вале ҳамин ки соҳиби қаср Дилбар ворид шуд, ҳамроҳаш сад кас бошад ҳам, дарҳол дар пеши назараш махлуқи сиёҳи серпашме пайдо шуда гулӯяшро бӯғӣ мекунад. Мардуми деҳа мегӯянд, ки модари Аҳтамшоҳ, Бибӣ Хосият паривараю фолбин буд ва шояд париҳои марҳум келинашро роҳ додан намехоҳанд. Дилбар пас аз Орзубек дигар фарзанде ба дунё наовард. Ҳолдонҳо миш-миш мекунанд, ки ҳамин Орзубекро низ Дилбар бо роҳи сунъӣ ҳомиладор шуда ба дунё овардааст, зеро аз Аҳтамшо фарзанд намешавад ва сабаби ба қасри орзуҳояш роҳ наёфтани ҷавонзан ҳамин амали аз шавҳар пинҳонияш аст. Ин ҳама овозаю дарвозаи мардум то куҷо ҳақиқат дорад, ба ҷуз худованд дигар касе намедонад. Хайёми бузург барҳақ фармудааст:

Асрори азалро на ту донию на ман,

Ин ҳарфи муаммо на ту донию на ман.

Ҳаст аз паси парда гуфтугӯи ману ту,

Чун парда барафтад, на ту монию на ман.

                                                                                   

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД