Хонандагони мактабҳои миёна ва донишгоҳу донишкадаҳои олии пойтахт, ки дониши хуб ва лаёқати баланд доранд, метавонанд аз идрорпулии раиси шаҳри Душанбе, мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳравар гарданд.
Озмуни хонандагони фаъол ва болаёқати пойтахт барои дарёфти идрорпулии раиси шаҳри Душанбе аллакай оғоз ёфта, ғолибон аз стипендияи махсус, ки раиси шаҳри Душанбе, мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ барои наврасон ва ҷавонони қобилиятнок ҷудо намудааст, баҳравар мегарданд.
Ёдрас мешавем, ки идрорпулӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, донишҷӯён ва довталабони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, инчунин олимони ҷавони муассисаҳои илмиву тадқиқотии ҳудуди шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст.