Sebiston new 2024 october
Русия равам ё шавҳар кунам?
5206

 

Падару модарам домодшавандаро надида, маро ба шавҳар доданд. Қудоҳо “Духтаратон то охири умр бо Шоҳрӯз хор намешавад”, - гӯён, домани падару модари маро бо чормағзи пуч пур карда буданд. Аз ин рӯ, заррае оқибати амалашонро фикр накарда, шоду хуррам аз пайи такудави тӯй шуданд.

Ман, ки шавҳаршавандаамро надида будам, баъзан ба андеша мерафтам, ки оё домоди ёфтаи волидонам инсони бафаҳму бо фаросат аст ё не? Маро чӣ тақдире бо он ҷавон интизор аст? Саргарми ҳамин фикру хаёл, нафаҳмида мондам, ки чӣ тавр рӯзи тӯям фаро расид.

Домодро шаби никоҳ дар таги чодар дида, қариб буд, ки аз ҳуш равам. Чашмони аз косахонаи сараш баромадаву тани мисли чӯби қоқаш якбора тамоми орзуву умедҳоямро ба хоки сиёҳ яксон карда, шишаи булӯрини диламро шикаст. Дугонаҳоям ба ҳоли мани гирён хандида мегуфтанд: “Муре, сад ҷавони зебо хостгорат буд. Наход ҳамин қадар бачаҳои хушрӯро рад карда, ба ҳамин аҷинаи сари мазор расӣ?!”

Мазоқу масхараи духтарҳо як аламамро сад кард ва давида, аз таги чодар баромадаму бо чашмони гирён тӯри сафедро аз сарам гирифта, ба рӯйи ҳавлӣ ҳаво дода, дар хонаи дигар худро маҳкам карда, зор-зор гиристам. Ҳамон шаб он қадар гиристам, ки чашмонам варам карданду рангам зард гашт.

Субҳ домоди “скелет” барои бурдани ман омад. Худамро пеши пойи падарам партофта, зориву тавалло намудам, ки тӯйро гардонад, вале падарам “Мардум ба ҳоламон механданд, ки духтараш дар рӯзи тӯй бева шуд ва шармандаи ҳар ду олам мешавем” гуфта, розӣ нашуданд.

Ҳамин тавр, гириста-гириста аз ҳавлии падару модарам берун шудам. Дилам аз рӯзи аввал аз зиндагӣ хунук гашт. Намехостам сарамро бо ин “скелет” дар як болин монам, вале чора надоштам. Шавҳарам аз ман пинҳонӣ маводеро истифода бурда, баъд ба хона медаромад.

Рӯзе аз пасаш поида, дидам, ки чизеро бо биниаш мекашад. Наркоман буданашро фаҳмида, ҳуш аз сарам парид. Ба наздаш рафтам ва рост ба чашмонаш нигариста гуфтам: “Ҳоло ҳам сари вақт аст, аз ин роҳи хато баргардед”. Шавҳарам бо чашмони хунгирифта аз гулӯям дошта, девонавор дод зад: “Ту ба корҳои ман чӣ кор дорӣ, қанчиқчаи аҳмақ?!”

Ба арӯсак буданам нигоҳ накарда, вай маро мисли тӯби футбол лагадкӯб намуд. Бо сару рӯи сиёҳу кабуд гирён ба хона даромадам. Пас аз ин, ҳар шаб ҳолам ҳамин буд. Шавҳарам героин мекашиду маро мурданивор мезад. Дар муддати панҷ моҳи зиндагӣ бо ин бангӣ ҷонам ба лаб расид ва бо дили пурхун талаб намудам, ки талоқамро диҳад. “Ман туро сар диҳаму рафта, ба милиса шикоят кунӣ? Не, ин хобатро рафта, ба об гӯй! Мурдаат аз ин хона набарояд, зиндаат намебарояд!”, -таҳдид кард шавҳарам ва боз аз банди мӯям дошта, маро ба замин афтонду мурданивор зад. Бо сару рӯйи хуншор аз хонааш фирор кардам.

Пойи пиёда ба хонаи волидонам омада, буду шуди гапро ба падару модарам гуфтам. Боварашон наомад, ки “нақшу нигори” сару рӯйи духтарашон “самари дасти” домоди хаппаки мисли скелет қоқашон аст.

Баъди панҷ моҳи дар хонаи модарам истодан духтарча таваллуд кардам. Кӯдакам бемор ба дунё омад. Шавҳарам аҳволи тифлро дида, рӯяшро бо кароҳат гардонду гуфт: “Ба ман зани кӯдаки инвалид мезоидагӣ даркор нест” ва маро дашномҳои болохонадор дода, рафт.

Ҳамин тавр, мо аз ҳамдигар ҷудо шудем. Одатан занҳо барои бахти аввалашон месӯзанд, гиряву нола мекунанд, вале ман талоқамро гирифта, Худоро шукр гуфтам, ки аз бангии худозада халос шудам.

Табобати духтарчаам дар ватан номумкин аст. Барои ҳамин, қарор додам, ки кӯдакамро ба Русия мебарам, вале ҷавони муҷарраде маро талабгор шуда, қасам болои қасам хӯрд, ки кӯдакамро падарвор нигоҳубин мекунанд. Оқибати никоҳро бо ин ҷавони ҳанӯз зиндагиро ягон бор надида андеша карда, хоҳиши ӯро рад намудам. Акнун марди занмурдаи кӯдакдоре ба ҷону ҳоли падару модарам намонда, тез-тез ба хонаамон хостгор мефиристад. Метарсам, ки агар шавҳар кунам, духтарчаамро табобат карда наметавонаму як умр айбдор мемонад. Намедонам чӣ кор кунам, аз ин хотир, ба ҳафтаномаи “Оила” муроҷиат намудам.

Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, шавҳар кунам ё аз баҳри ҳама чиз баромада, духтарчаамро ба Русия табобаткунӣ барам?

Мавлуда,

хонандаи “Оила”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД