Arzon march 2024
РУСИЯ РАФТА БА ДОМИ МАМАРОЗА АФТИДАМ!
29.11.2020
Р. Азимӣ
10695

Баъди аз шавҳарам ҷудо шудан, дилам аз дунё сард гашт. Писарамро бо падараш гузошта омадам, зеро медонистам, ки аз уҳдаи таъмини фарзандам намебароям. Барои алами ҷудоиро фаромӯш намудан азми сафари Русия кардам. Модарам « ту ба он мулки бегона ба назди кӣ меравӣ?» гуфта, розигӣ надод, вале «очаҷон, агар наравам, аз ғаму дарди бахти сӯхтаам девона мешавам» гуфта, якравӣ менамудам. Бечора модарам ноилоҷ розӣ шуда, бароям чиптаи ҳавопаймо харид. Пеш аз сафар ба Лайло ном дугонаам, ки бо фарзандонаш муқими Русия буд, занг зада огоҳаш кардам, ки ба наздаш меравам. Хурсанд шуда ваъда дод, ки маро дар фурудгоҳ пешвоз мегирад.

Хулоса, дугонаам ба қавлаш вафо намуда маро истиқбол гирифту ба хонааш бурд. Фарзандонаш холаҷон гӯён аз ман дур намешуданд, вале бегоҳ шавҳараш аз кор омаду маро дида, авзояш якбора беҷо шуд. Эҳсос намудам, ки ӯ аз омадани ман шод нест. Шаб аз нисф гузашта буд, ки садои моҷарои зану шавҳар баланд шуд. Аз ҷоям бархоста ба паси дари хонаи хобашон рафтам ва гӯшамро ба роғи дар монда гӯш кардам, ки чиҳо мегуфта бошанд. «Ин тарпоча аз куҷое омада бошад, ба ҳамон ҷо равад, дар хонаи ман барои чунин дайдуҳо ҷой нест. Дар вақташ бародари маро нагирифт, ана дидӣ, оқибат ӯро Худо зад. Саҳар бо кӯчу бандаш дугонаатро аз дар берун мекунӣ, вагарна…»,- шавҳари дугонаам боз чиҳо гуфт, намедонам, дигар тоби шунидани суханҳои нешдори ӯро накарда, ба ҷои хобам баргаштам ва осемасар тамоми либосҳоямро ҷамъ намудам. Субҳ ҳатто бо дугонаам хайрухуш накарда аз дар баромадам. Дар шаҳри бегона на ягон шинос доштам на фарёдрасу дастгире, намедонистам ба куҷо раваму аз кӣ мадад пурсам. Ба чанд дар сар халондам, вале касе саломамро алейк нагирифт. Хаста шуда дар истгоҳе нишастам ва ба ҳоли худ зор-зор гиристам. Баногоҳ мошини сурхе дар наздам қарор гирифт ва духтараке дарро кушода бо забони русӣ пурсид: «Почему плачешь? Тебе негде жить? Мы тебе поможем!» Хурсанд шуда сарнавиштамро ба он духтари ношинос нақл кардам. Духтарак маро дилбардорӣ намуда ба мошин шинонду ба иҷорахонааш бурд. Дар он хона чанд духтар зиндагӣ мекардаанд. Ҳамаашон маро хуш истиқбол гирифта, бо меҳрубонӣ гап мезаданд. Дар наздам хӯрок ва нӯшокиҳои лазиз гузоштанд. Ҳамин тавр саргарми суҳбат бо духтарон чӣ хел шом шуд, нафаҳмида мондам. Баробари фаромадани пардаи торикӣ садои занги дар баланд шуд. Света ном духтараки ноҷинсак зуд ба даҳлез баромада дарро кушод. Духтарҳо бо лабханд ба ҳамдигар чашмак зада «меҳмони нав киро интихоб мекарда бошад?» мегуфтанд. Ҳис кардам, ки ба ҷойи нохуб афтидаам, зуд ба назди Нина, ки маро ба ин хона оварда буд, рафта, барои меҳмондориаш раҳмат гуфтаму азми аз ин касофатхона баромадан кардам, вале ӯ пеши роҳамро гирифта гуфт: «Ту дигар аз чанги мо халосӣ надорӣ! Ин ҷо фоҳишахона аст, хоҳӣ-нахоҳӣ бо мо ҳамроҳ шуда ба меҳмонҳои серпул хизмат мекунӣ…» Кӯшиши гурехтан кардам, аммо духтарҳо ҳамакаса шуда маро доштанд ва дасту пойҳоямро баста ба гулӯям шароб рехтанду доруеро ба даҳонам зер карда, маҷбурам намуданд, ки онро фурӯ барам. Намедонам аз тарс буд ё аз таъсири дору, ки аз ҳуш рафтам. Саҳар ба ҳуш омада худро дар оғӯши як марди ғулбарзангӣ дидаму фиғонам ба фалак печид, аммо касе набуд, ки ба доди мани ғариб бирасад.

Ҳамин тавр як ҳафта дар он манзили касофатбор ғуломвор маро истифода бурданду билохира гурехта ҷонамро халос кардам. Ҳодисаи нангини ба сарам омадаро ба он хотир нақл кардам, ки ба дигар занону духтарон дарси ибрат шавад ва ҳеҷ гоҳ орзуи ба мулки ғурбат омаданро накунанд. Ҳар чи ба сари ман омад, аз касофатии шавҳарам омад, агар вай мардаки бонангу баномус мебуд, ман аз хона бехонаю ба нони ғарибӣ зор ва ба чунин рӯзҳои шум гирифтор намешудам. Тақдирам ҳамин будааст, ба як наркоман ба шавҳар баромада, оқибат хонавайрон шудам ва ба чунин ҳоли зор афтидам. Ҳоло дар шаҳри Барнаул дар як нонвойхона кор карда истодаам. Ҷонам аз серкорӣ ба лабам расида бошад ҳам, лабамро зери дандон гирифта меҳнат мекунам, то чор танга пул кор карда, баъд ба хона баргардам ва миннатшунави дӯсту душман нагардам. Русияро орзу накунед, дугонаҳои азиз, нони Россия арра дорад, то чор сум кор мекунӣ, ки ҷонат ба лабат мерасад. Аз ҳамон Тоҷикистони худамон намонед, ҳар чи ҳам набошад, Ватан Ватан аст. Беҳуда нагуфта будаанд:

Гадо, гар дар Ватан мирад, амир аст,

Амири бе Ватан хору ҳақир аст!

Маҳлиё, аз Барнаули Русия

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД