Тӯли як соли охир ягон айбу гуноҳе намонд, ки Русия ба сари муҳоҷирони меҳнатӣ бор накарда бошад. Қаблан ин кишвар муҳоҷиронро дар афзоиши ҷинояту ҷинояткорӣ, куштор, дуздию ғоратгарӣ ва амалҳои террористӣ гунаҳкор менамуд, акнун даъво дорад, ки дар паст шудани қурби пули русӣ - рубл низ муҳоҷирони меҳнатӣ гунаҳкоранд.
Кумита оид ба сиёсати минтақавии Русия иддао намудааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Русия пули зиёде кор карда, тамоми маблағи ба даст овардаи худро ба ватанашон равон мекунанд.
Депутатҳои рус мегӯянд, ки нисфи даромади буҷаи Тоҷикистон, аз се як ҳиссаи даромади буҷаи Қирғизистон ва тахминан 12-15 % даромади буҷаи Ӯзбекистонро маблағҳои аз Русия ба ватанашон мефиристодаи муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳад.
Тибқи омори нашршуда дар соли 2023 муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон ба маблағи 5,7 миллиард доллари амрикоӣ пул равон кардаанд.
“Ҳамасола муҳоҷирони меҳнатӣ ва диаспораҳои онҳо аз бонкҳои Русия даҳҳо миллиард долларро харидорӣ намуда, бо ин амалашон ба баланд шудани қурби пули хориҷӣ ва паст гаштани қурби рубл роҳ мекушоянд. Ин дар ҳолест, ки аксари кишварҳои “дӯст”-и СНГ ба муқобили бонкҳои Русия ва кортҳои “МИР” таҳрим эълон кардаанд. Аз ҳамин сабаб муҳоҷирони меҳнатӣ пули русиро дар бонкҳои Русия бо доллар иваз намуда, пули хориҷиро ба ватани худашон мебаранд. Ҳамаи ин боиси баландшавии қурби доллар ва паст гаштани қурби рубл мегардад”,- навиштаанд расонаҳои русӣ.