goodwell
Русия маблағгузории Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистонро шуруъ кард
159

Пас аз таъини Алексей Золотухин ба вазифаи ректори Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон давлати Русия маблағгузории ин донишгоҳро аз нав шуруъ кард.

Ректори нави донишгоҳ Золотухин зимни нишасти хабарӣ эълом дошт, ки буҷет расман тасдиқ шуда, маблағҳои ҷудошуда аллакай ба пуррагӣ ба суратҳисоби донишгоҳ интиқол ёфтаанд ва дар масъалаи пардохти маоши кормандон ва стипендияи донишҷӯён дигар ягон мушкилӣ вуҷуд надорад.

Ёдрас мешавем, ки маблағгузории Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2025 пас аз таъини Илҳомиддин Иброҳимзода ба вазифаи ректори ин муассисаи таълимӣ боздошта шуда, ҷониби Русия изҳор дошт, ки номзадии ӯ мувофиқа нашудааст.

17-уми июли соли 2026 Иброҳимзода аз вазифаи ректори Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон озод ва ба вазифаи муовини вазири маориф ва илм таъин карда шуда, Алексей Золотухин ректори нави ин донишгоҳ таъин гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД