Formula novemver 2024
Русия дар Тоҷикистон 5 мактаби дигар месозад
1615

Русия ва Тоҷикистон сохтмони боз 5 мактаби дигари русӣ-тоҷикиро дар қаламрави Тоҷикистон ба нақша гирифтаанд.

Қарор аст, ин мактабҳо то соли хониши 2030 аз ҳисоби буҷаи Русия бунёд шаванд, ки 5 ҳазор хонандаи дигарро ба таҳсил фаро хоҳанд гирифт.

Ёдовар мешавем, ки қаблан аз ҷониби Русия панҷ мактаб дар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон - Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Турсунзода сохта ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Ҳоло дар ин мактабҳо 5,7 ҳазор хонанда таҳсил мекунанд.

Ин мактабҳо 1-уми сентябри соли 2022 аз ҷониби сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия тариқи маҷозӣ ифтитоҳ шуданд. Русия барои сохтмони онҳо ҳудуди 150 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кардааст.

Тибқи иттилои расмӣ, айни замон дар Тоҷикистон 43 мактаби русӣ фаъолият доранд ва илова бар ин, дар 152 мактаби кишвар синфҳои русӣ мавҷуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД