Пандемияи коронавирус дар Русия бо сураъти кайҳонӣ авҷ гирифта истодааст. Танҳо дар бадали 24-соати охир зиёда аз 40 ҳазор нафар дар кишвари рус ба КОВИД-19 гирифтор шудаанд. Дар ин бора Газета. ру хабар додааст.
Манбаъ дар такя ба маълумоти штаби марказии мубориза бо коронавирус мегӯяд, ковид-19 бо сураъти хеле баланд дар кишвар паҳн шуда истодааст ва танҳо дар бадали 24-соати охир 40 096 ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин бемории ҳамагир ба қайд гирифта шудааст. Бояд тазаккур дод, ки аз оғози пандемия ин рақам рекордист.
Аз ҳама хатарнокаш он аст, ки дар 8,8% -и беморон ягон аломати коронавирус ба назар намерасид ва онҳо худро комилан солим эҳсос менамуданд.
Тибқи маълумотҳои расмӣ аз ин бемории маргзо дар бадали як шабонарӯзи охир дар Русия 1 159 нафар вафот кардаанд.
Ҳолатҳои нави гирифторшавӣ ба Ковид-19 дар шаҳрҳои калони Русия бештар ба назар мерасанд, масалан дар Маскав дар бадали 24-соати охир 8440 нафар, дар Санкт-Петербург 3186, дар Вилояти Маскав 2639 нафар ба Ковид 19 гирифтор шудаанд. Дар Ненецк ва Чукотка ҳамагӣ 18 ҳолати сироятёбӣ аз ин вируси ҳамагир ба қайд гирифта шудааст. Ногуфта намонад, ки аз оғози пандемия дар Русия 8 392 697 нафар ба коронавирус гирифтор шуда, бар асари ин бемории марговар ҳудуди 235 057 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Шумораи афроди аз коронавирус шифоёфта 7 272 053 нафарро ташкил менамояд.
Бо кушода шудани марзҳо боз ҳазорон-ҳазор муҳоҷирони меҳнатии тоҷик роҳи Русияро пеш гирифта, имрӯз дар ин кишвар кору зиндагӣ карда истодаанд. Аз ҳамин хотир мо аз тамоми муҳоҷирони тоҷик хоҳиш менамоем, ки қоидаҳои пешгирии коронавирусро риоя намуда, бе ниқоб дар кӯчаву хиёбонҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ гашту гузор накунанд ва худро аз шахсоне, ки аломатҳои коронавирус дар онҳо ба назар мерасанд, дур бигиранд.
Худро эҳтиёт намоед, чунки дар Ватан падару модар, зану фарзан д ва пайвандонатон шуморо бесаброна интизоранд, муҳоҷирони азиз!