«Теперь твой сын стал моим!»
ё чи тавр духтари рус бачаи тоҷикро ба домаш афканда, модарро аз писар ҷудо кард?
Салом. Ман зани 52-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва модари 5 фарзанд мебошам. Шавҳарам чандин сол пеш аз олам гузашта, бори гарони зиндагӣ ба гарданам бор шуд. Ба танҳоӣ ба воя расонидани панҷ фарзанд кори осон набуд, худам нахӯрда, нони даҳонамро ба бачаҳоям медодам, ки калон шуда, дар дами пирӣ асои дастам мешаванд, аммо...
Писарам Азизҷон, ки дар байни чаҳор духтар як писар ва эркаю нозпарварди хонадон буд, ду сол пеш ба Русия назди бародаронам равон кардам, то кор карда, зиндагии ману хоҳаронашро пеш барад. Кораш барор гирифт ва ду моҳ нагузашта маоши аввалинашро ба мо фиристод. Хурсанд шудам, ки писарам коргар шудааст. Аввалҳо кораш хуб буд, вале шаш моҳ пас байнашон чи нофаҳмие сар зад, ки Азизҷон аз тағоҳояш гиламанд гашт. Занг зада гуфт, ки пули думоҳа корамро надоданд, пеши ҷӯраҳоям меравам. Ҳарчанд насиҳат кардам, ки тағоҳоят одами бегона нестанд, ҳеҷ гоҳ туро «кидат» намекунанд, ба гапам гўш накарда, телефонро хомўш намуд.
Пас аз ҳамон сўҳбатамон Азизҷон бо тағоҳояш ҷанҷол намуда ба дигар шаҳр рафтааст. Занг намезад. Хавотир шуда ба ҷӯраҳояш занг задам. Гуфтанд, ки Азиз назди мо наомадааст. Ба дилам оташ афтид, мисли мурғи посўхта ба чор тараф медавидаму намедонистам писарамро аз куҷо ёбам. Аз як тараф алами бешавҳарӣ, як дигар тараф ғами фарзандони гуруснаам ва ҷониби сеюм дарди писари роҳдури беному нишон гаштаам маро дарун ба дарун сўхта хокистар мекард. Ҷонам ба лабам расид аз такудави бачакобӣ.
Хулоса, баъди 4-моҳ Азизҷонамро пайдо намудам. Мурда будам, зинда шудам, бемор будам, шифо ёфтам ва гириста куҷо шуданашро пурсидам. «Шуморо сахт ёд кардам очаҷон, Худо хоҳад як масъалаи бисёр муҳимро ҳал карда, ба наздикӣ ба наздатон бармегардам» ваъда дод писарам. Нафаси осуда кашида, худоро шукр гуфтам, ки Азизам зинда будааст. Ҳамон шаб тақрибан соатҳои 12 боз телефонам занг зад. Рақамҳои Азизҷонро дида зуд гўшакро бардоштам. Ба ҷойи овози ширини писарам садои духтараки таннозеро шунидам, ки бо лаҳни масхараомез гуфт: «Привет мамочка! Тепер твой сын стал моим. Я не могу без него житӣ. Болӣше не думай о нём, я его к тебе не отпущу! Мы с ним поженились!» Духтарак инро гуфту телефонро хомўш кард. Забонам дар комам часпид. Инаш боз чи бало буд гуфта боз ба писарам занг задам, аммо телефонро касе набардошт. Фаҳмидам, ки писарам чӣ проблема доштааст, вале дигар кор аз кор гузашта буд.
Ҳамин тавр дигар писарам ба ман занг назад. Як сол зиёд шуд, ки рӯз то бегоҳ ва шаб то саҳар интизрӣ мекашам, ки шояд Азизон занг мезанад, аммо бачаи сангдилам ягон бор ёди модару хҳаронаш намекунад.
Беваи рус фарзандамро ба домаш кашида намегузорад, ки баргардад. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Латфат аз н. Рӯдакӣ