Маҳсулоти лозима:
5 дона – тухм
1 стакон – шакар
10 грам – маводи ковокунанда
5 грам – ванелин
7 қошуқ – орд
Барои ороиш:
200 грам – қаймоқ
100 грам – шакар
Тарзи таҳия:
Дар аввал дар зарф тухм, шакарро 7 – 8 дақиқа бо миксер лат мезанем.
Ба 7 қошуқ орд ванелин ва маводи ковокунандаро илова карда, хуб омехта мекунем.
Ба қолаб қоғази пергамент тунук карда, бисквитро ба он мегирем.
Хунук нашуда рулетро мепечонем.
Дар зарфи дигар малҳамро омода мекунем.
Қаймоқро гирифта бо миксер хуб лат мезанем. Шакарро оҳиста – оҳиста илова карда, бо миксер лат мезанем.
Малҳамро дар байни рулет мемолем ва қулфинайро реза карда дар байнаш мегирем ва рулетро мепечонем.
Барои оро додан дар болои рулетро малҳам мемолем ва бо шоколад оро медиҳем. Рулетро мемонем 4 соат дам гирад.