Formula novemver 2024
РУЛЕТ АЗ ҚУЛФИНАЙ
425


                     Маҳсулоти зарурӣ:
1 ст орд, 1 ст шакар, 4 қошуқ об, 4 тухм, 1 қошуқ ковоккунанда (разрыхлитель). Барои дохил ва ороиш: 300 гр қулфинай, 200 грамм шакар.

                         Тарзи таҳия:
Аввал сафедиҳои тухмро лат зада, ба он зардиҳояшро илова кунед. Сипас бо навбат шакар, об, орд, моддаи ковоккунандаро андозед. Хамирро дар тафдони ҳарораташ 180 дараҷа муддати 25 дақиқа пазед. Қулфинайро бо шакар дар оташи паст то ба крем монанд шуданаш ҷӯшонед. Агар зарурат пайдо шавад, каме об ҳамроҳ кунед. Хамири пухтаро дар рӯи коғази пергаментӣ тунук карда, қулфинайи омодашударо ба рӯяш тунук резед. Ва бо шакли рулет онро печонида, 1 - 2 соат дар яхдон гузоред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД