Суди шаҳри Кӯлоб мураббияи боғчаи бачагонаи №1-и шаҳрро барои муносибати бераҳмона нисбат ба кӯдакон ба ҷавобгарӣ кашидааст. Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Рухсорамои Давлат, мураббияи муассисаи томактабии №1-и шаҳри Кӯлоб дар муносибати бераҳмона нисбат ба кӯдакон айбдор дониста шудааст, вале чи ҷазо гирифтани мураббияи бераҳм маълум нест. Тибқи талаботи моддаи 174-и Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон барои хунукназарӣ ва ба таври зарурӣ иҷро накардани вазифаи худ дар тарбияи ноболиғон ҷарима ба маблағи калон ва маҳрум намудан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол пешбинӣ шудааст.
Моҷарои муносибати бераҳмона бо кӯдакон дар боғчаи бачагона ҳанӯз тирамоҳи соли гузашта рӯ зада буд. Санаи 23 ноябри соли 2020 зимни иҷрои вазифаҳои худ мураббия ду писарчаи 5-4 соларо ҷазо додааст. Рухсорамои Давлат қошуқи алюменир дар печка гарм карда, онро қасдан ба рӯйи Саидмудассири 5-сола ва Назаралии 4-сола доштааст. Рӯйи кӯдакони ноболиғ дар натиҷаи ин амали бераҳмонаи мураббияи сангдил сӯхта, ҷароҳат бардоштаанд.
Бо ҳамин усули ваҳшиёна мураббия ин бачаҳои шӯхро “тарбият” кардан мехостааст, то ки дар ҳуҷраи дигар оромона бозӣ кунанд!
Рухсорамои Давлат ва роҳбарияти боғча дар аввал гуноҳашонро ба гардан нагирифта иддао доштанд, ки гӯё кӯдакон дар вақти бозӣ тасодуфан рӯйи худро дар печка сӯзондаанд, вале баъди чанде ҳақиқат рӯйи об баромада, кирдори бераҳмонаи мурабияи беинсоф фош шуд.