Аксари келинҳо мехоҳанд, ки аз рӯзҳои аввал зиндагии алоҳида дошта бошанд, вале аз назари ман, хусуру хушдоман вазифадор нестанд, ки бо хонаи алоҳида таъмин кунанд.
Арӯсу домод хоҳиши зиндагии алоҳида дошта бошанд, марҳамат, кор кунанд, пасандоз намоянд, сарфакорӣ кунанду худашон хона харанд ва зиндагиашонро пеш баранд. Ҳеҷ кас ба ин монеагӣ намекунад. Лекин аз ҳисоби хушдоману хусурашон хоҳиши хона харидан дошта бошанд, хато мекунанд. Дар урфият мегӯянд: “Хар худаш ҳарому кораш ҳалол”. Баъзе келинҳои кӯрнамак низ чунин меҳисобанд: “Писараш нағз, пулашон нағз, дилакашон хонаи алоҳида мехоҳад, вале хусуру хушдоман ганда”.
Агар хоҳед, ки соҳиби хонаву соҳиби зиндагии тинҷу осуда гардед, аввалан бо дили поку бекина хизмату ҳурмати волидони шавҳаратонро ба ҷо ореду дуои неки онҳоро гиред.