formula
РӮШОН: САРДОРИ ШУЪБАИ АМНИЯТРО КОРД ЗАДАНД
3668

Шӯъбаи ноҳиявии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Рӯшон ҷинояткори хавфнокро дастгир намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст Рӯзи 22 май, соати 09:30 дар деҳаи Барӯшони ноҳияи Рӯшон шӯъбаи ноҳиявии КДАМ барои дастгир кардани ҷинояткори хавфнок Шароф Қобилов, соли таваллудаш 1976, зода ва истикоматкунандаи деҳаи Барӯшони ноҳияи Рӯшон амалиёти махсус гузаронид.

Ҳангоми амалиёт ҷинояткор Қобилов бо корд сардори шӯъбаи амнияти ноҳия Чуянов Самариддинро захмӣ намуд. Новобаста аз ҷароҳаташ роҳбари шӯъба тавонист саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро дастгир намояд. Шароф Қобилов, ташкилкунанда ва иштирокчии асосии қочоқи маводи мухаддир аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, рӯзи 1 майи соли равон дар мавзеи сарҳадии Барӯшони ноҳияи Рӯшон мебошад, ки ҳангоми гузаронидани амалиёт аз ҷои ҳодиса фирор кард. Рӯзи 1май миқдори  махсусан калони маводи мухаддир мусодира ва ду ҳаммаслаки саркардаи қочоқчиён ҳангоми содир намудани ҷиноят дастгир ва ба ҳабс гирифта шуданд. Вобаста ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Сардори шуъбаи РКДАМ дар ноҳияи Рӯшон айни ҳол дар беморхона бистарӣ гардида, вазъи саломатиаш қаноатбахш арзёбӣ мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД