arzon replenishment
Розигии волидайн барои фарзандхонӣ зарур аст?
12.08.2023
ОИЛА
588

Дар кадом мавридҳо барои фарзандхондии кӯдак розигии волидайни ӯ талаб карда намешавад?

Ситора, шаҳри Душанбе

 

Мувофиқи талаботи моддаи 130 Кодекси оила, дар ҳолатҳои зерин розигии падару модар барои фарзандхондии кӯдак талаб карда намешавад, агар:

  • онҳо маълум набошанд ё суд онҳоро бедарак ғоибшуда эътироф намояд;
  • суд онҳоро ғайри қобили амал эътироф карда бошад;
  • суд онҳоро аз ҳуқуқи падару модар маҳрум сохта бошад;
  • бо сабабҳое, ки суд беасос эътироф намудааст, онҳо зиёда аз шаш моҳ бо кӯдак якҷоя зиндагӣ накарда, аз тарбия ва таъминоти ӯ саркашӣ карда бошанд.

Зимнан, ёдрас менамоем, ки барои фарзандхондии кӯдаконе, ки таҳти васоят (парасторӣ) қарор доранд, розигии хаттии васии (парасторӣ) онҳо зарур аст.

Барои фарзандхондии кӯдаконе, ки бе парастории падару модар монда, дар муассисаҳои дахлдори тарбиявию тиббӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои дигари ба ин монанд қарор доранд, розигии хаттии роҳбари ин муассиса зарур аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД