Сӯҳбати онрӯза лахчаяки дар кунҷи қалбам пайдошудаи ишқро ба шарораи сӯзон бадал сохту ман дар сӯҳбати баъдӣ, ки дар боғи истироҳатӣ сурат гирифт, ба Фирдавс ваъда додам, ки ғайри ӯ касеро ба ниҳонхонаи дилам роҳ нахоҳам дод.
Ба хотири тозаю беолоиш нигоҳ доштани ишқамон, мо дар як шаҳр зиндагӣ кунему дар як мактаб паҳлӯ ба паҳлӯ таҳсил кунем ҳам, тавссути мактуб ба ҳам мукотиба мекардем. Дарсҳо ба охир мерасиданду дили ман чун шоми зимистонӣ торик мешуд, худ ба худ меандешидам, надидани Фирдавс бароям рӯзи сиёҳ буд, ҳиҷронашро чӣ гуна пушти сар мекарда бошам?! Он солҳо занги охир бо шукӯҳу шаҳомати зиёде таҷлил мегардид, мо аҳли синф маслиҳат кардем, ки онро аввал дар мактаб, баъд дар бӯстонсарои падари Сӯҳроб, ки мансабдори калон буду дар Ромит бӯстонсарои корхонааш буд, мегузаронем. Модарам барои рафтани ман боз шабона ба ҷойи бегона аслан розӣ набуд, вале рафтани роҳбари синф, муаллимаи адабиётамон ва модари Сабринаю Сӯҳробро мисол оварда, ӯро розӣ кардам. Падарам маро пуштибонӣ карда гуфт:
-Занак мон, духтарам бори охир бо ҳамсинфонаш дами беғам занад, падари Сӯҳроб марди баобурӯ асту бӯстонсарояшон муҳофиз дорад, ҳеҷ гап намешавад.
Рӯзи занги охир ман ба саҳна ҳамроҳи Фирдавс баромадам, ӯ маро аз хонаамон омада, бо дастаи гулу мошини бадвоҳимаи хориҷӣ ба мактаб бурд. Пас аз гузаронидани маърака роҳ пеш гирифтем ба сӯи бӯстонсаро, дар ҳақиқат ҳам волидони Сӯҳроб бароямон дастархони шоҳона ороста буданд. Писарон ба оббозӣ рафтанду духтарон ба рақсу бозӣ машғул шуданд, он қадар даву тоз кардем, ки монда шудему ҳар кас дар ҳар ҷо ғелида, ғанаб мерафт. Пас аз чанд соат дунёро хомӯшӣ фаро гирифт, шоми Ромит он қадар зебо буд, ки як тамошои осмони ситоразораш чӣ қадар ҳаловат дошт. Духтарон масти хоб буданд, соҳибхонаҳо низ, аз чӣ бошад, хобам намебурд, аз тиреза ба берун нигариста, Фирдавсро дидам, сари мизи чойхӯрӣ танҳо менишаст, зуд поён фаромадам. Мо то дер сӯҳбат кардем, Фирдавс аз ман хоҳиш кард, ки ба поёнтари боғ равем, ман розӣ шудам ва зери маҷнунбеди соҳили дарё лаззати аввалин бӯсаҳои ошиқонаро чашидам. Мо то дер рӯи кати зери маҷнунбед бо ҳам будем, сармасти ҳавою ҳавас чӣ гуна аз даст додани гавҳари номусамро нафаҳмида мондам. Чун ба худ омадам, ба даҳшат афтодам, Фирдавси аз карда пушаймон намедонист маро чӣ гуна ором намояд. Зор-зор гиристани маро дида, ӯ пеши поям уфтод ва бо зорӣ гуфт:
- Шогунаҷон, гиря накун, қасам ба номи Худо, ман туро ба занӣ мегирам, агар хоҳӣ, ба хондан намеравам ва худи пагоҳ хостгоронамро мефиристам.
Ман ба зӯр худамро ба даст гирифтам, нисфирӯзӣ мо ба шаҳр баргаштем. Пас аз он ҳодиса Фирдавс даҳҳо бор аз ман узр пурсид ва баъдҳо каме ба худ омадаму аз пайи иҷрои хоҳишҳои хеш гаштем, дӯстдорам ба Маскав рафту ман дар Ватан донишҷӯ шудам. Фирдавс ба хонаамон қариб ҳар рӯз занг мезад, баъдтар ман соҳиби телефони мобилӣ шудаму акнун доим дар тамос будем, зимистонро мунтазир будам, зеро Фирдавс ба таътили зимистона омаданӣ буд, вале…
Як субҳ нав аз хона баромада, ба донишгоҳ рафтанӣ будам, ки Сабрина занг зада гуфт:
-Шогун баъд аз дарс рост донишгоҳи мо биё (ӯ дар Донишгоҳи тиббӣ мехонд), ба хонаи Фирдавсино меравем, имшаб ҷасадашро меоранд. Телефон аз дастам афтод, намедонам чанд сония шах шудам, овози писараки ҳамсоя маро ба худ овард, ки мегуфт:
-Апаи Шогуна, телефонатон афтидааст, ҳо апа….
Он рӯз на ба дарс рафтаму на ба хонаи волидони Фирдавс танҳо рӯзи дигар бо исрори Сабрина ба хонаи дӯстдори ормониям рафтам. Рӯи сардашро ба мо нишон надоданд, ман чизеро намефаҳмидам, модари Фирдавс ҳар яки моро ба оғӯш кашида, бо алам мегуфт:
-Кадоматон дӯстдоштаи шаҳи ормонии ман ҳастед? Ӯ гуфта буд, ки як ҳамсинфамро дӯст медорам, аммо номашро нагуфт, вой бачам…..
Танҳо баъди як ҳафта ҳушам ба ҷояш заду фаҳмидам, ки Фирдавси ман дар садамаи автомбилӣ ҳалок шудааст.
Аз марги Фирдавс даҳ сол сипарӣ гашт, синни ман сарҳади сиро убур мекунад, розамро танҳо худам медонаму Худованд. Фирдавси ман аз олам гузашта бошад ҳам, ишқаш аз дилам намеравад. Дигар дар хонаи қалби шикастаам касеро роҳ надодам, хушдоронам аз мӯйи сарам зиёдтаранд, аммо наметавонам бо домани нопок ба хонаи марди дигар қадам монам. Албатта медонам, ки имрӯз илми тиб тараққӣ кардаасту ин гуна ҷарроҳиҳо гузаронида мешаванд, аммо намехоҳам зиндагиямро аз дурӯғ оғоз намоям. Медонам аз пуштам гап бисёр аст, баъзеҳо маро париошиқ ҳам баровардаанд, аммо ин тавр нест.
Чӣ бояд кард? Шояд нафаре ёфт мешавад, ки ба ман маслиҳат диҳад?!
Шогуна
Таснифи Нисо Холид