toyota motors
Рози ишқи дугонаамро ба модараш гӯям ё нагӯям?
07.06.2026
Oila.tj
139

Салом! Нигина ҳастам, сокини шаҳри Душанбе. Мехоҳам дар як масъала аз хонандагон маслиҳат бипурсам.

Шабнам ном дугонаи ҷонӣ дорам, ки ҳанӯз аз давраҳои мактабхонӣ дӯстӣ дорем. Шабнам барои ман мисли хоҳар аст, аз ҳамин сабаб ғами ӯро ғами худ пиндошта, маҷбур шудам, ки сарнавишташро навишта, маслиҳат бипурсам.

Гап дар сари он аст, ки дугонаам бачаи ҳамсояро дӯст медорад. Мансур ҷавони хуб аст ва ният дошт, ки баъди хатми донишгоҳ ба хонаи дугонаам хостгор фиристода, бо тӯю тамошо ӯро ба занӣ мегирад, вале дар ин миён як хеши наздикашон ба дугонаам хостгор фиристоду волидони духтар розигӣ дода, онҳоро фотиҳа карданд. Аммо худи Шабнам он ҷавонро намехоҳад ва шабу рӯз гиря мекунад. Духтари бечора аз шарм ба волидонаш ошкоро гуфта наметавонад, ки бачаи ҳамсояро дӯст медорад ва бо вай издивоҷ карданист. Аҳволашро дида ғамгин мешавам, вале намедонам чӣ тавр ба вай ёрӣ расонам.

Аз шумо, хонандагони азиз, хоҳиш мекунам, ки маслиҳати худро аз ман дареғ надоред. Ба падару модари дугонаам фаҳмонам, ки духтарашон дӯстдошта дорад ё ба корҳои оилавии онҳо дахолат накунам?

НИГИНА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД