Formula novemver 2024
Роҳро танг карданд, кӣ бояд ҷавоб гӯяд?
1424

Солҳои пеш роҳҳои байни деҳаҳо васеъ буд. Даҳ соли охир ҳамаи ҷойҳои холии роҳро баъзеҳо ба ҳавлиҳояшон ворид сохтаанд, ки дар ҳолати ду мошин ба самти муқобил ҳаракат кардан барои роҳрав қариб роҳ намондааст. Барои кӯдакони мактабхон чунин ҳолат то андозае хатарнок аст. Мехостам фаҳмам, ки барои баргардонидани роҳҳо ба ҳолати пештара ба кадом мақомот муроҷиат кунем?

Шодиев Расул, н. Рашт.
Тибқи муқаррароти Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, пешниҳод намудани талабот оид ба бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоргаштаи қонунгузории заминро ба роҳ мемонад.

Аз ин рӯ, ба шумо тавсия дода мешавад, ки ба мақомоти мазкур муроҷиат намоед. Аз ҷониби онҳо замини ба аҳолӣ тақсимшуда ва замини роҳ муайян карда шуда, барои бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта чораҳои дахлдорӣ қонунӣ татбиқ менамоянд. Дар сурати ҳал нашудани мушкилӣ метавонед ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумла суд муроҷиат намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД