Arzon march 2024
Роҳҳои табобати фарбеҳӣ
1024

Гуруснагӣ.

Фикр мекунед, ки чӣ қадар кам хӯрок хӯред, тез хароб мешавед? Як андоза ин амал ҳақиқат дорад, аммо, ҳаминро донистан лозим аст, ки агар ба организм калория кам ворид шавад, организм захираи равғани худро ҳазм карда, хароб мешавад. Вале барои ҳазми ана ҳамон равғани худи организм низ ферментҳои махсус лозиманд. Бояд гуфт, ки он ферментҳо дар организми худи инсон мавҷуданд, вале барои синтез шудани онҳо сафеда, равған, витамин ва микроэелентҳо лозиманд. Дар сурати нарасидани яке аз элементҳои номбаршуда хароб шудан ғайриимкон аст. Аз ин ба хулосае омадан мумкин аст, ки барои харобшавӣ гуруснанишинӣ кардан ҷоиз нест.

Диета.

Вақте Шумо ба воситаи ҳаб ё нӯшокие дар муддати бениҳоят кӯтоҳ 7-10 рӯз то 5-10 кг вазни худро мепартоед, бидонед, ки вазни партофтаи шумо дар муддати кӯтоҳтарин барқарор мешавад. Зеро ҳангоми риоя намудани диета ба организми шумо моддаҳои муҳим, аз қабили витамин, сафеда, равғану карбогидратҳо намерасанд, ки дар натиҷа саломатӣ осеб мебинад. Натиҷаи парҳези нодуруст ин мӯйрезӣ, афтидани дандонҳо, нохуншиканӣ ва ё беқувват шудани нохунҳо мебошад. Албатта, бо риояи кардани диета шумо метавонед дар муддати кӯтоҳ хароб шавед, инчунин, вазни партофтаи шумо дар як мӯддати кӯтоҳ бар мегардад.

Харобшавӣ тавассути ҷарроҳӣ.

Имрӯз илми тиб чунон пеш рафтааст, ки тавассути ҷарроҳӣ имкони аз равғанҳои нолозими бадан зуд халосӣ ёфтан мумкин аст, аммо ин фаҳмиш комилан хатост. Одатан, ин гуна ҷарроҳӣ барои гирифтани равғани зиёдатии организм, буррида гирифтани қисмате аз меъдаи васеъгардида ва ё таранг кардани пӯсти овезоншудаи бадан гузаронида мешавад. Зиёданд нафароне, ки пас аз гирифтани равғани шикаму меъда бо ҷамъ шудани равған дар бозу ва манаҳ рӯ ба рӯ шуданд. Дар сурати дучор шудан ба ин мушкилӣ он даво надорад.

Назари табибон оид ба фарбеҳшавӣ

Табибон бар он назаранд, ки камҳаракатӣ, истеъмоли ғизоҳои серравған, қаннодӣ ва хамирӣ, пурхӯрӣ, ки иллати ҳормонҳоро ба вуҷуд меоварад, боиси фарбеҳӣ дар буняи инсон мегардад.

Аломатҳои фарбеҳӣ: аввалин аломати эҳсосшавандаро дар афзоиши миқдори зиёди равған дар ҳар ҷои бадан, ба мисоли шикам, пистон ва ронҳои пой дидан мумкин аст. Баъдан, нафастангӣ ҳангоми иҷрои амалҳои ҷисмонӣ ҳис карда мешавад ва қобилияти корӣ суст мегардад. Фишори хун боло рафта, қабзияти меъда ба миён меояд ва рагу пайвандҳо дардманд мешаванд.

Роҳҳои пешгирӣ аз фарбеҳӣ

Аз хӯрдани ҳар гуна шириниҳо ва таомҳои серравған даст кашед. Бештар сабзавот ва мева истеъмол кунед. Сайру сайёҳат, пиёдагардӣ, давидан ва машғул шудан ба машқҳои ҷисмонӣ ба шумо фоидаи зиёд дорад. Бо истифода аз тибби халқӣ ва истеъмоли гулу гиёҳҳо метавонед ҷараёни фарбеҳиро дар бадан пешгирӣ кунед. Аз лимӯ ва имбир чой омода намоед ва бештар оби ҷӯшонидашударо нӯшед. Истеъмоли ширу ҷурғот низ хуб аст. Онҳое, ки авлодан бемории фарбеҳӣ доранд, мебоист хӯрокҳои камғизоро истеъмол намоянд ва реҷаи истеъмоли таомро риоя кунанд.

Бонувони азиз, ҳусну тароват ва қомати мавзунро нигоҳ доред. Чаро ки вақте ба фарбеҳӣ гирифтор шудед, халосӣ аз вазни зиёд кори мушкил аст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД