arzon replenishment
Роҳҳои интихоби ҳамсар
752

Пайғамбари Худо ҳазрати Муҳаммад (с.в.с.) дар яке аз ҳадисҳояшон гуфтааст: “Зан бо эътибори чаҳор сифат ва хислат ба ҳамсарӣ қабул карда мешавад:

бо эътибори сарватмандӣ, обрӯмандӣ, ҳусну зебоӣ ва диндорӣ. Зани худотарсу боимон ва диндорро интихоб кунед, то баракат ёбед”.

Дар ҳақиқат ҳамсаре, ки бо имону худотарс бошад чӣ будани ҳурмату муносибат бо ҳамсар ва хонаводаи ӯро нағз медонаду талош мекунад, то зиндагиаш хуб бошад. Ҳамсари хубу мувофиқ, бо имону босавод зиндагиро ба оромишу осоиш табдил медиҳад. Бояд қайд кард, ки барои интихоби ҳамсар ҷавонон озоданд, зеро ҳам дини ислом ва ҳам давлат ин озодиро таъмин мекунад.
Дар китоби “Маърифати оиладорӣ” омадааст: дар инсон се ҳусн аст: ҳусни табиӣ, ки он неъматҳои Худованд чун чашм, рӯй, абрӯй, даст, пой ва дигар аъзои бадани одамизодро дарбар мегирад; ҳусни сохта, ки онро худи инсон ба воситаи либос, пойафзол ва дигар ороишот месозанд; ҳусни маънавӣ, ки ба он хислат, муносибат, рафтор, гуфтор ва таълиму тарбияи шахс ворид мешавад.

Аз рӯи ин андеша мо афзалиятро ба ҳусни сеюм медиҳем, зеро категорияи аввалро Худованд ба ҳамаи бандагонаш ато мекунад. Категорияи дуюмро баъзеҳо месозанд, то дар назари омма зебо намудор шаванд, вале мутааллиқ ба категорияи сеюм кам касонанд.
Интихоби ҳамсар мушкилтарин кор барои ҷавонписар ва ҳам ҷавондухтар аст, зеро зиндагӣ ин матои бозор ё пойафзол нест, ки ҳар рӯз навашро харем, балки ин зиндагии инсон аст, ки як бор ба ӯ дода мешавад. Агар интихоби дуруст кардем, хушбахтӣ насибамон хоҳад шуд ва агар не, пас дар мушкилиҳои зиёд дар мемонем.
Дар китоби “Рисолаи ақди никоҳ” дар мавриди интихоби ҳамсар омадааст: “бояд ихтиёр кунад мард, пеш аз ҳама, зани порсо ва диндорро, зеро зани солеҳа ва некӯкор беҳтарин матои дунёст. Бо сабаби чунин зан мард аз тадбири манзил, шуғули пӯхту дӯхт ва рӯфтану шустан озод гардида, барои ҳосил намудани илму маърифат ва ба ҷо овардани тоату ибодат вақт пайдо мекунад. Пас, зани солиҳа аз ин ҷиҳат ёридиҳанда аст”.

Дар як ҳадиси дигари ҳазрати Муҳаммад (с.в.с.) омадааст: “ҳар касе никоҳ кунад занеро барои молу ҷамолаш ҳаром аст моли ӯ ва ҷамоли ӯ барои он кас ва ҳар касе никоҳ кунад занеро барои динаш соҳиби рӯзӣ мегардонад Аллоҳ барои он кас моли ӯро ва ҷамоли ӯро”.
Ба ҳамин хотир аз падару модарон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар ин амри хайр барои хушбахтии фарзандонашон барои онҳо ҳамсари дуруст интихоб кунанд, то баъдан ҳаёти фарзанд зери хатар қарор нагираду пас аз чанде зиндагиашон вайрон нашавад.
Ҳангоми хостгорӣ он нуқсу нозукиҳои ҳам духтару ҳам писар бояд пурра баррасӣ карда шавад, чун саломатӣ, ҳунармандӣ ва дигар масъалаҳо оид ба зиндагӣ. Ҳамзамон, ризоияти тарафайн бояд бошад, зеро яке аз рукнҳои асосӣ дар никоҳи исломӣ ин ризоияти тарафайн аст.

Дар модаи 12-и Кодекси оила омадааст: “Барои ақди никоҳ розигии ҳамдигарии марду зани никоҳшаванда ва синни никоҳӣ доштани онҳо зарур аст”. Дар ҳоле, ки ҷавонписар ва ҷавондухтар барои ақди никоҳ маҷбур карда шаванд, дар зиндагӣ якдигарро дӯст дошта наметавонанд. Дар ин ҳолат аксар вақт зиндагии онҳо вайрон шуда, ҳаёти фарзандон месӯзад. Барои гунаҳкор наҳисобидани ҳар нафар ҳанӯз аз аввали кор ҳамсарро дуруст бояд интихоб намуд, то фарзандон дар ҳаёт хушбахт бошанд, зеро шоир гуфтааст:

Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,
То ба охир меравад девор каҷ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД