Равоншиносон ба волидон тавсия медиҳанд, ки кӯдаконро аз хурдсолӣ ба китоб ва китобхонӣ ҳавасманд созанд. Китобҳо бояд ба синну соли кӯдак мувофиқ бошанд ва дар бораи тортанакҳо, динозаврҳо, шоҳзода, шоҳдухтар ва дигар қаҳрамонони афсонавӣ нақл кунанд. Шавқи кӯдак ба чунин афсонаҳо бештар гардад, баъдан ба адабиёти бадеӣ гузаштан мумкин аст.
Китоби кӯдакон бояд чӣ гуна бошад?
Барои бедор кардани шавқи кӯдак ба китоб адабиёти дурусти ба синну сол, ҷинс ва ба хислаташ мувофиқро интихоб кардан лозим аст. Афсонаву ҳикояҳо дар китобҳои барои хурдсолон бояд содда ва бо калимаҳои фаҳмо навишта шуда бошанд. Суратҳо дар китобҳо равшан бошанд. Тасвирҳои мураккаб кӯдакро дилгир мекунанд.
Агар кӯдак то дусола бошад, набояд китобҳои гаронбаҳоро харед. Китобҳои одиро, ки метавонанд аз навъҳои гуногуни матоъ иборат бошанд, барояш биёред, зеро кӯдак на танҳо аз тамошои чунин китоб лаззат мебарад, балки ҳиссиёти нави ламсиро низ меомӯзад.
Дар ёд доред, ки кӯдаки 3-4-сола муддати тӯлонӣ бодиққат буда наметавонад, дарси 10-дақиқагӣ кофӣ аст. Бо кӯдакони 5-6-сола 15-20 дақиқа китоб хондан хуб аст.
Барои хондан вақти мувофиқро интихоб кунед
Пеш аз хоб хондани афсона барои кӯдакон шавқовар аст. Ин амал хаёлоти кӯдакро рангин сохта, тасаввур карданро меомӯзад.
Афсонабофӣ кунед
Оҳиста-оҳиста, ифоданок хонед, суханони муаллиф ва қаҳрамонҳоро бо овози махсус таъкид кунед. Дар ҷойҳои ҳасоси афсона садои худро тағйир диҳед ва аз имову ишора истифода баред.
Ба фарзандатон саволҳои такрорӣ диҳед
Ҳангоми бори аввал хондани матн кӯшиш накунед, ки онро таҳлил ё муҳокима кунед. Калимаҳои ношиносро ҳатман шарҳ диҳед. Саволҳои такрорӣ дода, фаҳмед, ки китоб ба кӯдак чӣ таассуроте бахшидааст. Пурсед, ки номи ин ҳайвон чист? Ӯ чӣ мехӯрад...
Кӯдакон такрор ба такрор шунидани ҳикояву афсонаҳои шиносро дӯст медоранд. Афсонаҳои дӯстдоштаи кӯдакро тез-тез барояш хонед. Ба шарофати хондан захираи луғавии кӯдакон бой шуда, дониши имлоии онҳо низ беҳтар мешавад. Кӯдак кӯшиш мекунад, ки худро ба ҷойи қаҳрамонҳои асар гузорад, агар қаҳрамон мусбат бошад, ё кӯшиш мекунад амалҳои қаҳрамони манфиро аз худ дур созад.
Нахоҳад, маҷбур накунед
Кӯдак хондан нахоҳад, маҷбур накунед, чунки фишор овардани волидон метавонад натиҷаи баръакс дода, тамоман дилсард шавад. Дидед, ки кӯдак майл надорад, китобхониро қатъ кунед.
Фишори равонӣ
Кӯдакро баҳои паст додан, ба монанди “ту алакай 5-сола шудӣ, вале ҳоло ҳам хонда наметавонӣ! Чӣ тавр туро ба мактаб қабул мекунанд?» аз китоб ва китобхонӣ дур мекунад. Дар ин ҳолат тарси хондан дар дили кӯдак пайдо мешавад.
Кӯдакро таъриф кунед
Нависандаи англис Айдан Чемберс мегӯяд, ки барои ҳар як дастовард хонандаи хурдсолро ситоиш кардан зарур аст. Ин амал майлу рағбати кӯдакро ба китоб зиёд мекунад.
Намуна бошед
Вақте фарзанд китоб хондани калонсолонро мебинад, ба амалҳои волидони худ таассуб мекунад. Барои шавқи кӯдакро ба китобхонӣ бештар кардан, гоҳ-гоҳ бо шавқу завқ ва табассум китобҳои бачагонаро мутолиа намоед.